Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ғарб Русияро дар интишори маълумоти бардурӯғ оиди коронавирус муттаҳам мекунад - навор

Маҷаллаҳои New York Times ва Financial Times дар маводи худ Русияро ба он айбдор карданд, ки омори расмӣ дар бораи фавт аз коронавирусро да мегирад.
Sputnik

Ҳукумати Русия маводи нашршудаи ин ду маҷалларо ғаразнок ба берун аз ҳақиқат дониста, расман раддия талаб намудааст.

Дар Русия афзоиши сирояти коронавирус қатъ шудааст

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ Мария Захарова ин иттиҳомотро ҳамлаи банақшагирифташудаи иттилоотӣ эълон кард.

Зимнан, Русияро барои пахши маълумоти бардурӯғ на танҳо матбуоти ғарб, балки мақомоти амрикоӣ низ шадидан маҳкум мекунанд.

Теъдоди  гирифторони коронавирус дар Русия аз 200 ҳазор нафар гузашт

Мақомоти Амрико бар инанд, ки Русия дар робита ба омори сироятёфтагон ва алалхусус қурбониён маълумоти норушанро ироа мекунад.

Вале ҳукумати Русия мегӯяд, Амрико бо ин тарз нокомии худро дар мубориза бо COVID-19 пинҳон мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Иёлоти Муттаҳида, 1,4 миллион ҳолати сироятшавӣ ба  коронавирус ба қайд гирифта шуда, 85 ҳазор нафар аз ин беморӣ ҷон додаанд.