ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи расмии “Амонатбонк”, Сироҷиддин Икромӣ ин нуктаро зимни як муроҷиатнома ба кормандони бонк изҳор дошта, маоши якмоҳаашро ба фонди мубориза ба COVID-19 гузаронид.
Раиси “Амонатбонк” аз мизоҷони бон даъват кардааст, ки барои бехатарии худ ва атрофиён аз хизматрасониҳои Амонат Онлайн ва СМС-паёмак ба таври васеъ истифода баранд.
Ёдовар мешавем Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз вуҷуди маризии коронавирус дар кишвар 30 апрез хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, 29-уми апрели соли 2020 - 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирусии CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 (даҳ) ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 (панҷ) ҳодиса аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шудааст.
Бар пояи оморҳои рӯзи гузашта 4 май бошад, теъдоди мубталоёни коронавирус дар кишвар ба 230 нафар расида, се тан ҳалок шудаанд.