Дар шаҳри Душанбе зани 38-сола шавҳарашро ҳафт корд зада кушт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 38-сола хабар додааст, ки шавҳари худро дар ҳолати мастӣ, дар як муноқишаи оилавӣ ҳафт корд зада куштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кормандони милитсияи шаҳри Душанбе зани 38-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки қаблан бо моддаҳои 244 ва 201 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз озодӣ маҳкум шуда буд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори одамкушӣ дастгир карда шуд.

Ду порахӯр дастгир шуд: боздошти ду корманди милиса барои гирифтан 10 ҳазор доллар

Тибқи иттилои манбаъ, номбурда, шаби 22 ба 23-юми апрели соли равон дар хонаи истиқоматиашон бо шавҳараш марди 57-сола ва рафиқаш “Дамирал” ном шахс, дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, бо корди ошхонагӣ 7-маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи шавҳараш задааст.

ВУД Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ зикр кардааст, ки айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома доранд.