Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Қирғизистон ба нуқтаи баландтарини авҷи маризии коронавирус расид

Ба изҳори муовини вазири тандурустии Қирғизистон, нуқтаи баландтарини авҷи маризии коронавирус дар ин кишвар аллакай расидаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Қирғизистон ба баландтарин нуқтаи авҷи маризии COVID - 19 расид, изҳор дошт муовини вазири тандурустӣ Нурбулот Усенбоев.

Панҷоҳ ҷой барои қарантина: омодагии шаҳри Гулистон барои пешгирӣ аз коронавирус
"Имрӯз 38 нафар аз беморхона мураххас шуданд ва  ҳамзамон 19 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид. Фарқи байни ин рақамҳо тамоюли хубро нишон медиҳад. Ҳамчун мутахассис, ман метавонам тахмин кунам, ки мо ба қуллаи баландтарини авҷи ин маризӣ  расидем", - афзудааст Усенбоев.

Ба гуфтаи муовини вазири тандурустӣ, дар Қирғизистон алъон 631 нафар гирифторони коронавирус мебошанд, ки аз онҳо 162 нафар кормандони соҳаи тиб ва 12 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанд. Ҳамчунин бар асари ин беморӣ 8 мариз ба ҳалокат расидаанд.

Эрон: наздик ба 60 ҳазор нафар аз коронавирус беҳбуд ёфт

Тибқи маълумоти пешакӣ, тақрибан 9 ҳазор нафар бо сироятшуда тамос гирифтанд. Аз ин миён 302 нафар аллакай шифо ёфтанд, ки 45 нафари онҳоро кормандони тиб ташкил додаанд.

Дар робита ба сар задани ин беморӣ дар ҷумҳурӣ реҷаи изтирорӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар як қатор шаҳрҳо, аз ҷумла пойтахт, вазъияти фавқулодда мавҷуд аст.