ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Рамазон Қодиров зимни як ҷаласа бо фаъолони минтақа аз тарсу ваҳми мардум дар мавриди маризии коронавирус сӯҳбат кард.
Ба изҳори раисҷумҳури Чеченистон, ҳамаи инсонҳо муранда ҳастанд ва ҳеҷ нафаре дар ин дунё абадӣ намемонад.
"Ҳамагон аз он бим доранд, ки ба маризии коронавирус мубтало мешаванд ва мефавтанд. Натарсед, шумо ин хел намефавтед. Одами солим бар ин маризӣ пирӯз мешавад", - афзудааст ӯ.
Қодиров тавися додааст, ки бештар сирпиёзро истеъмол кунанд, ва ба коронавирус мубтало намешаванд.
Ҳамчунин раисҷумҳури Чеченистон маслиҳат додааст, ки асалро бо оби гарм омехта ҳар рӯз нӯшанд, то масуният қавӣ шуда, ҳеҷ беморӣ одамро аз пой намеафтонад.
Бояд гуфт, ки дар Чеченистон то имрӯз фавти се нафар аз маризии коронавирус сабт гардидааст, ки ҳар се қурбонӣ куҳансол буданд.