Фергюсон гуфт, Ҳабиб ба майдон баромадан намехост, барои ҳамин дар Русия пинҳон шуд

Тони Фергюсон, размикори амрикоӣ қаҳрамони  UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадовро дар кӯшиши канораҷӯйӣ кардан аз муҳорибаи ояндаашон муттаҳам кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Фергюсон гуфт, мубориза бо Нурмуҳаммадов бояд дар доираи мусобиқаи UFC 249 санаи 18 апрел баргузор шавад.

Намедонам чи мешавад: Ҳабиб Амрикоро тарк карду UFC муҳорибаро дар ИМА ташкил карданист

Ба гуфтаи варзишкори амрикоӣ, маҳз хоҳиши ба октагон набаромадани Нурмуҳаммадов сабаб шуд, ки ӯ ба Русия равад.

"18 апрел аллакай хеле наздик аст, аммо ту қарор доди, ки дар Русия пинҳон шави. Сабаби хубе барои муттаҳид шудан доред, аммо ба шумо ин кор лозим нест", - навиштааст Фергюсон дар Твиттери худ.

Варзишгар инчунин илова кард, ки "ҳеҷ гуна маҳдудияти сафар" ба саркашӣ аз ҷазо ба Нурмуҳаммадов кӯмак нахоҳад кард.

Муҳориба Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Тони Фергюсон мебоист 18 апрел доир гардад, аммо то кунун макони баргузории ин дидор муаян нест.

Қаблан Дана Уайт, раҳбари UFC гуфт, барои муҳорибаи ин ду варзишкор макон пайдо кардааст, аммо ҳоло омода нест онро бигӯяд. Ба гуфти ӯ ин дидори Ҳабиб ва Тони бидуни иштирокӣ тамошобинон сурат хоҳад гирифт.

Ҳабиб Нурмагомедов чанде қабл аз ИМА, ки дар он ҷо тамрин мекард, ба Русия баргашт. Федератсияи Русия низ  парвозҳои мунтазам ва чартериро бо кишварҳои дигар аз сабаби паҳншавии коронавирус қатъ кард.