Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Огоҳӣ, омодагӣ ва боварии тоҷикистониҳо: коронавирус моро домангир намешавад - видео

Дар навор шаҳрвандони Тоҷикистон аз боби маризии сироятии коронавирус ҳарф зада, тадобири ҳукумат баҳри пешгирӣ аз маризиро шарҳ додаанд
Sputnik

Дар интернет наворе чарх мезанад, ки дар он афкори мардуми тоҷик дар мавриди маризии коронавирус пурсида шудааст. Ин назарпурсиро агентии "Авеста" гузаронда аз шаҳрвандони кишвар суол намудаст, ки тадобири пешгирифтаи ҳукумати Тоҷикистон алайҳи маризии коронавирус басанда аст ё не.

Вазири беҳдошти Ҳолланд ҳангоми баҳси коронавирус дар парлумон беҳуш шуд - навор

Аз навор чунин бармеояд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин маризӣ маълумоти кофӣ доранд ва барои вуруд нашудани он ба кишвар аз тамоми тадобирҳо кор мегиранд.

Навори мазкур собит намудааст, ки аксари шаҳрвандон ба усулҳои пешгирифтаи ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз вуруди ин маризӣ боварӣ доранд ва тадобирҳои ҷоришударо дастгирӣ мекунанд.

Тарс аз коронавирус: харидории баста баста ҳазориспанд дар Самарқанд - навор

Вале ҳастанд нафароне, ки чораҳои пешгирикунандаи ҳукуматро кофӣ намешуморанд ва бар инанд, то фаъолияти боғчаҳо ва макотиб баста шавад.

Тоҷикистониҳо ҳамзамон аз камчинии ниқоби тиббӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба нақли як сокини пойтахт, аксар соҳибони дорухонаҳо аз вазъи мавҷуда суиистифода намуда, арзиши ниқобҳоро қиммат намудаанд.

Мардум инчунин аз дастбӯси ва дастфишорӣ низ худдорӣ мекунанд.