Ариза нависед! Раҳмон дар бораи асардуздӣ ва унвонгирии вазирону вакилон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар мулоқот бо олимони кишвар аз асардуздӣ, фошкориҳои “Диссернет”, гирифтани унвони илмӣ аз ҷониби вазирону вакилон ва дигар мансабдорон суҳбат карда, тартиби нави унвонгирӣ миёни мақомдоронро ҷорӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, солҳои охир шахсоне, ки дар соҳаҳои ғайриилмӣ фаъолият карда, дар вазифаҳои масъул роҳбар мебошанд, аз рӯи ихтисосҳои аз самти фаъолияташон дур рисолаҳои илмӣ таълиф карда, бе навбат ҳимоя мекунанд ва соҳиби дараҷаҳои илмӣ мегарданд.

Писари Нуриддин Саид раиси Агентӣ шуд: аз зикр дар "Диссернет" то нозири №1-и маориф

“Вобаста ба ин, дастур медиҳам, ки чунин шахсон аввал ариза навишта, аз вазифаҳояшон озод карда шаванд, сипас ба корҳои илмӣ машғул шуда, рисолаҳояшонро дар доираи талаботи мавҷуда ҳимоя намоянд”, - таъкид кард раисиҷумҳур.

Тартиботи нав: ё мансаб ё унвони илмӣ

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, минбаъд аъзои Ҳукумат, муовинони онҳо, вакилони мардумӣ, дигар шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ баъди дар асоси хулосаи муассисаи илмӣ навиштани ариза ба унвони роҳбари давлат ба навиштани рисолаи илмӣ ва ҳимоя иҷозат дода мешаванд.

“Агар шахсони мансабдор хоҳиши иштирок дар озмунҳои дарёфти унвонҳои узви вобаста ва узви пайвастаи академияҳоро дошта бошанд, аввал ариза навишта, аз вазифа озод мегарданд, ба муассисаҳои академӣ ё таълимӣ ба кор медароянд, баъдан барои иштирок дар чунин озмунҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд”, - илова намуд Раҳмон.

Ӯ таъкид кард, ки дар рисолаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда ҳолатҳои асардуздӣ (сирқат) ба мушоҳида мерасанд.

Ректори нави ДМТ кист? Доктори илми 37-сола ва зикраш дар Диссернет

“Имрӯз, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ рисолаҳои зиёд интишор мешаванд, баъзе унвонҷӯён аз онҳо рӯйбардор карда, бо роҳи осон мехоҳанд соҳиби дараҷаҳои илмӣ гарданд. Дар натиҷа ҳам сифати илми ватанӣ коҳиш меёбад, ҳам обрӯву эътибори унвонҷӯ ва роҳбараш дар миёни ниҳодҳои илмӣ паст мегардад. Ин “бемории” замони технологияҳои муосир буда, ба зеҳни олимони ҷавон ва роҳбарони онҳо сироят карда истодааст”, -гуфт раисиҷумҳур.

Президент дар бораи беш 40 нафаре, ки "Диссернет" онҳоро дузд хонд

Раҳмон афзуд, зиёда аз 40 нафар олимоне, ки дар пойгоҳи “Диссернет” ба асардуздӣ муттаҳам шудаанд, онҳое мебошанд, ки рисолаҳои илмии худро дар шӯроҳои диссертатсионии марбут ба ихтисосҳои иқтисодӣ ва ҷомеашиносӣ, аз ҷумла сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ва педагогика дифоъ кардаанд.

Боз таъиноти кадрӣ: Раҳмон масъулини Ҳукумат, вазорат ва додситони куллро ҷо ба ҷо кард

“Маълум мешавад, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд. Яъне ҷавонони мо ба таҳқиқи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, зеро дар доираи илмҳои зикршуда омода кардани рисолаҳои илмӣ заҳмати ҷиддиву мунтазам, ҷустуҷӯҳои илмӣ, инчунин, корҳои озмоишӣ ва дониши мукаммалу бунёдиро талаб мекунад”, - гуфт Раҳмон.

Ӯ таъкид намуд, бо чунин сабаб муҳаққиқони ҷавони мо худро аз таҳқиқи илмҳои бунёдӣ канор мегиранд ва ин аст, ки солҳои охир мо ягон кашфиёти илмии бунёдӣ, ки ҷавобгӯи талаботи ҷоизаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бошад, пешниҳод накардаем.

Дастури насби серверҳои тавоно алайҳи асардуздӣ

Раисиҷумҳур зарур хонд, ки бо мақсади пешгирӣ кардан аз ҳолатҳои асардуздӣ (сирқат) дар раёсатҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Маркази миллии патент ва иттилоот харидорӣ ва насб кардани серверҳои пуриқтидор бо сабт ва нигоҳдошти рисолаҳои қаблан дифоъшуда ва мавзӯъҳои илмии таҳқиқшудаистода, инчунин, ташкил намудани шабакаи махсус дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мақсад мувофиқ мебошад.

Барқ танҳо барои Ӯзбекистон: Тошканд пул ва шарти сохтмони 2 нерӯгоҳ дар Тоҷикистонро гуфт

Ӯ аз олимони ҷавон даъват кард, ки ҳар як сарчашмаро шахсан мутолиа кунанд, бо тарзи таҳқиқи олимони дигар шинос шаванд ва баъдан хулосаҳои илмии худро дар рисолаҳояшон ҷамъбаст намоянд.

“Бо дарназардошти ин, ба Комиссияи олии аттестатсионӣ, Академияи миллии илмҳо, Вазорати маориф ва илм, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супориш дода мешавад, ки норасоиҳои зикршударо ҳарчи зудтар бартараф карда, фаъолияти шӯроҳои диссертатсиониро мунтазам мавриди омӯзишу таҳлил қарор диҳанд ва аз натиҷааш ҳар шаш моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат маълумоти хаттӣ ирсол намоянд”, - супориш дод Эмомалӣ Раҳмон.