Дана Уайт гуфт, эҳтимол рақобати Ҳабиб ва Тонӣ лағв шавад

Президенти UFC Дана Уайт бо нашр як расм дар сафҳаи Instagram - и худ ишора намудаст, ки шояд рақобати Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо Тонӣ Фергюсон лағв шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Бо гузашти ҳамагӣ чанд дақиқа пас аз ҷо додани ин акс, ҳама ба баррасии гарми он пардохтанд. Уайт бо гузоштани акс ишора намудаст, ки  шояд муҳорибаи Ҳабиб ва Тонӣ баргузор нагардад.

Пас аз нашр шудани ин акс, шумори зиёди корбарон ба Дана Уайт дархост ироа намуданд, ки муҳорибаи ин ду размикорро ба ҳеҷ ваҷҳ лағв накунад.

Ҳабиб гуфт, чигуна Фергюсонро "мешиканад": Ман барои пирӯзии пеш аз муҳлат нақша дорам

Қобили зикр аст, ки муҳорибаи Ҳабиб ва Фергюсон бояд шаби 18 ба 19 - уми апрел дар шаҳри Ню - Йорк баргузор гардад. 

Дар сурати лағв шудани муҳорибаи Ҳабиб ва Тонӣ, ин аллакай панҷумин маротиба хоҳад шуд, ки рақобати онҳо бо сабабҳои гуногун ба таъхир ва ё лағв мешавад.

Писхандзании Ҳабиб ва Макгрегор ба ҳам: Конор сар кард-аксу видео

Ҳабиб Нурмуҳаммадов феълан қаҳрамони UFC дар вазни сабук буда, 28 набардро бидуни бохт анҷом додааст. Аммо рақиби амрикоии ӯ Тонӣ Фергюсон 25 муҳориба гузарондаст, ки дар се маврид ба шикаст мувоҷеҳ шудааст.