Толибон дар “Боми ҷаҳон”: дар Дарвоз чӣ мегузарад?

Толибон, ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон, дар вулусволии Нусайи Бадахшони Афғонистон аз куҷо пайдо шуданд, чӣ мехоҳанду саркардаашон кист. Сокинони наздимарзӣ ва мақомдорони маҳаллии Афғонистон вазъи феълиро шарҳ доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 март – Sputnik, Фахриддини Холбек. Толибон, ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия, дар вулусволии Нусайи Бадахшони Афғонистон ва он сӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон қувват мегиранд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, онҳо бо аслиҳаи нерӯҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои 1990 – ум меҷанганд. 

Аксари онҳо як муддат дар урдугоҳҳои хориҷ аз вулусволӣ тамрин дида, як дарди саре барои мардум шудаанд ва ҳама рӯз ҷангу даргирист, изҳор дошт Абдуғаффори Гардиш, муовини вулусволи Нусай дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба қавли ӯ, тайи се рӯзи ахир дар даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон ду сарбоз ба ҳалокат расидаанд. Шаби 6 ва 7-уми март дар пайи ҳамин даргириҳо ба ду деҳаи Дарвози Тоҷикистон – Рӯзвай ва Зинроғ - низ тирҳои дайду расида, мӯҷиби нигаронии мардум шуд. Гулӯлаҳои туфанги “Калашников” ба манзили зисти ду сокин ва мактаби Рузвай асобат кардаанд. Касе осеб надидааст, танҳо як тирезаи мактаби деҳа сӯрох шудааст.

Агар ҳамсоя ором нест: ташвиши сокинони Дарвоз аз тирҳои дайду

Ҳайдаршоҳ Насибов, рӯзноманигори собиқадор ва сокини деҳаи Рӯзвай, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, даргириҳо дар соҳили муқобил се – чор моҳ ба ин сӯ шиддат гирифтааст ва гоҳо тирҳо ба иштибоҳ ё чап хӯрда ба марзҳои Тоҷикистон низ асобат мекунанд.

Трамп: "Толибон" баъд аз хурӯҷи Амрико метавонад қудратро ба дасти худ бигиранд

“Фикр накунам, ки онҳо амдан ба марзи мо шиллик кунанд. Аммо садои тиру туфанг мардуми моро нороҳат кардааст. Агар ҳамсоя ором нест, ту ҳам ором нестӣ. Ташвиш дорем, ки ҳадафи тири дайдуи онҳо нашавем”, - гуфт Ҳайдаршоҳ Насибов.

Абдуғаффори Гардиш мегӯяд, ин гуруҳ дар дар рустои Хуғаз, 3 - километрии рустои Нусай, маркази вулусволии ҳамном мустақар шуда, аз ҳамон ҷо тирпаронӣ мекунад.

“Нафарони маслакӣ, ки надоранд, вақте андохт мекунанд, дигар ҳар куҷое, ки рафт. Маслакӣ, ки нестанд, тирҳояшон ба тарафи шумо мехӯранд. Ҳадафашон гирифтани маркази вулусволии Нусай аст, ки иншоаллоҳ, наметавонанд”, - гуфт муовини вулусволи Нусай.

Ба қавли Гардиш, теъдоди ҷангиёни Толибон дар вулусволии Нусай ҳудуди 100 аст ва дар баробари онҳо 250 нафар пулиси маҳаллӣ, ҳамчунин нерӯҳои кумакии Вазорати дифоъи Афғонистон, ҷамъ беш аз 450 муқовимат мекунанд.

Шарҳи нерӯҳои вижа - корпуси 217-и "Помир"

Ҳодӣ Ҷамол, сухангӯи корпуси 217 – и “Помир”, нерӯҳои хоси вазорати дифоъи Афғонистон дар минтақаи Шимолу Шарқи Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло дар Нусай 100 сарбози нерӯҳои вижа ва ба ҳамин теъдод сарбозони вазорати дифоъ мустақар шудаанд.

Толибон ҳамла ба Абдуллоҳ Абдуллоҳро тавзеҳ доданд

“Онҳо (Толибон) дар як минтақаи саъбулубуру кӯҳистонӣ паноҳ бурдаанд. Ягон ҷо ки руст шуданд, гум мешаванд ва тайёраҳо ҳам онҳоро пайдо карда наметавонанд. Мардум ҳам аз тарс барои фош сохтани онҳо ҳамкор нест. Нерӯҳои давлатӣ ҳам ба хотири мулоҳазоте аз амалиёт худдорӣ мекунанд. Агар фармон шавад, ба ҳар қимате онҳоро нобуд хоҳем кард”, - гуфт сухангӯи корпуси 217 – и “Помир”.

Онҳо аз куҷо пайдо шуданд?

Толибон дар Афғонистон аз соли 1996 то 2001 ҳукумат карданд, аммо нишоне аз онҳо на фақат дар Нусай, балки дар кулли Бадахшон набуд. Ин вилоят дар қатори Панҷшер ва қисматҳое аз вилоятҳои Парвону Тахор пойгоҳи муқовимат алайҳи Толибон ва иттиҳоди созмонҳои террористии ҷаҳон таҳти ливои “Ал-қойида” маҳсуб мешуд. Аммо пас аз сари кор омадани ҳукумати таҳти ҳимояти Амрико дар Кобул ҳастаҳои Толибон* ва шарикони минтақаиву байнулмилалии онҳо, созмонҳои мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия - “Ал-қоида”*, “Ҳаракати исломии Туркистони Чин”*, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”*, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”* ва пас аз сар бардоштани “ДОИШ”* дар Ховари Миёна гуруҳҳои марбут ба ин созмони террористӣ низ дар Бадахшон лона карданд.

Ду рӯз баъди имзои созишнома: гаравгонгирии 10 низомӣ дар марзи Тоҷикистон аз сӯи Толибон

Аввалин ҳодисае, ки ба “қатли оми Бадахшон” маъруф аст ва аз ҳузури Толибон дар ин вилоят хабар дод, куштори як тими даҳнафараи пизишкони Маъмурияти кумакҳои байнуламилалӣ – “International Assistance Mission”, ба шумули шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико -  6 нафар, Бритониёи Кабир - 1, Олмон – 1 нафар ва 4 шаҳрванди Афғонистон буд, ки 6 августи соли 2010 дар вулусволии Карону Мунҷон иттифоқ афтод. Ҳамон сол Толибон дар ин вилоят нафареро ба номи Қорӣ Фахруддин волии номниҳоди худ эълон карданд, ки соли 2014 кушта шуд ва ба ҷои ӯ Қорӣ Фасеҳуддин, аҳли Вардуҷ таъйин гардид.

То соли 2018 Толибон дар саросари Бадахшон - Вардуҷ, Юмгон, Карону Мунҷон, Шаҳри Бузург, Кишм, Тагоб, Ҷурм, Баҳорак ва вулусволиҳои дигар нуфуз карданд, аммо дар Дарвозҳо аслан ҳузур надоштанд. Дарвозҳо номи таърихии панҷ вулусволӣ – Нусай, Шикай, Хоҳон, Моймай ва Куфоб аст, ки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ҷойгир шуда, бо иттифоқи Дарвози Тоҷикистон то созишномаи соли 1907 миёни Русияи Сафед ва Бритониёи Кабир ё анҷоми “Бозии бузург” як қаламрав ва ҳам замоне як шоҳигарӣ будааст.

Мунтазири фурсат: сокинони норозӣ силоҳ гирифтанд

Миёни Нусай ва Дарвози Тоҷикистон танҳо рӯди Ому мегузарад. Як манбаъ дар мақомоти амниятии Бадахшони Афғонистон ба шарти фош нашудани номаш ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аксари кулли Толибони Нусай зодагони ҳамин вулусволӣ, аъзои як танзими ҷиҳодӣ буда, вақте ба куҳҳо боло шуданд, ки аз қудрат ва тақсими сарвати минтақа канор зада шуданд.

Иштироки вазири тоҷик дар маросими имзои созишнома бо Толибон

“Инҳо ҳамон муҷоҳидини вақти Эшони Бурҳонуддин, фармондеҳи Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр ва саркардаи даврони ҷиҳод дар Дарвозҳоянд. Дар замони Ашраф Ғанӣ наздикони онҳо, ки дар мақомоти давлатӣ, судӣ ва дигар идораҳои давлатии Нусай кор мекарданд, аз вазифа барканор шуданд. Силоҳу муҳимоте, ки аз замони ҷиҳод доштанд, аз дасташон гирифта шуд. Онҳо дар кӯча ва бесарнавишту бесарпараст монданд. Бетаваҷҷӯҳӣ, ки буд, чанд бор туфангкашӣ ҳам карданд. Аммо ҳукумат, ки қавӣ буд, зӯрашон нарасид. Аз ин хотир, уқда доштанд ва мунтазири фурсат буданд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба қавли ин манбаъ, охирин қатрае, ки ҷоми сабри онҳоро лабрез кард, ҳодисаи соли 2015 буд, ки ҳукумат хост замини маҳалли Сандаки марбут ба рустои Хуғазро ба мардуми Нусай тавзеъ кунад. Вай афзуд, дар пайи ин бошандагони Хуғаз туфанг бардошта, эътироз карданд ва ҳамин тавр, 40 – 50 нафари мардуми русто мусаллаҳ шуду монд. Ин ҳодиса ба замоне рост меояд, ки Қорӣ Фасеҳуддин, волии номниҳоди Толибон дар Бадахшон фармондеҳиро дар вилоят ба зимма гирифт ва фаъолиятҳои созмонро тақвият бахшид.

Мардум чӣ гуфт?

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, Толибони Нусай асосан зодагони Ҷавайдараву Шӯрёндара, ду дарае ҳастанд, ки ҳудуди 100 русто доранд ва аз аввалин мубаллиғони толиб касе ба номи Қорӣ Баҳоваддин буд, ки пас аз хатми таҳсил дар Покистон ба ватан баргашт ва ба нафъи Толибон ба таблиғ пардохт.

Толибон дар марз бо Тоҷикистон 12 танро куштанд

“Соли 2018 яке дигар ба номи Мавлавӣ Ислом, ки як сол пеш кушта шуд, бо толибони дигар, аз ҷумла Мавлавӣ Ҳаниф аз Нусай ва чанд нафари дигар аз вулусволиҳои Роғу Роғистон, як гуруҳи 10 – нафарӣ шуда, ба Нусай омаданд. Як бор тақутуруқ карданд. Мардум ҷамъашон кард, гуфт, ки ватанро хароб накунед, мо ҳамсояи Тоҷикистон ҳастем, пурра аз он ҷо икмол мешавем, агар Тоҷикистон пулро бандад, дар инзиво ва бенон мемонем. Рафтанд, гум шуданд”, - гуфт ӯ.

Сухан аз пули “Рузвай – Нусай” аст, ки 6 июли соли 2004 бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳзода Оқохони IV, асосгузори Шабакаи Оқохон, сармоягузори ин тарҳ, ифтитоҳ шуд ва дар пайи он як бозори наздимарзӣ низ рӯи кор омад. Аз ин пул молу амвол, бахусус маводи ғизоӣ дастраси сокинони Дарвозҳо мешуд ва дар ин бозор мардуми ду сӯи дарёи Ому харидуфурӯш мекарданд.

Пулу марзбандӣ

Аммо ба қавли Ҳайдаршоҳ Насибов, пас аз шурӯъи ноамниҳо дар он тарафи марз ин пулу бозор баста шудаанд. Ин яке аз натиҷаҳои бозгашти Толибон ба Нусай аст. Соли 2019 онҳо чанд нафар, ба шумули фармондеҳи арбакиҳои Нусай ба номи Зайдуллоҳро ба қатл расониданд ва ҳамлаҳо сари маркази вулусволӣ – рустои Нусайро шурӯъ карданд. Ба онҳо дигар афроди норозӣ, ки солҳо ба ин сӯ мунтазири фурсат буданд, ҳамроҳ шуданд.

Чигуна Ибодуллоҳ интиҳорӣ шуд? Тире аз Душанбе ба синаи идеологияи Толибон

Абдуғаффори Гардиш мегӯяд, дар оғоз ин гурӯҳ ба ҷуз туфанги “Калашников” силоҳи дигар надошт, аммо ҳоло ҳовон - миномёту даҳшака – “ДШК” ва рокетандоз низ дорад.

“Бино ба иттилои дастгоҳҳои истихборотии мо, аксари силоҳе, ки онҳо дар даст доранд, аз муҷоҳидини собиқи тоҷикӣ аст, ки дар рустои Хуркади Нусай (дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон) пинҳон карда буданд. Ин силоҳҳо пеши афрод қарор доштанд. Толибон ин иттилоъро пайдо карда, пеши он мардум мераванд ва силоҳҳоро аз онҳо мегиранд”, - гуфт муовини вулусволи Нусай.

Саркарда кист?

Аммо ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон аз мақомоти амниятии Бадахшони Афғонистон мегӯяд, Толибони Нусай аз Қорӣ Фасеҳуддин итоат мекунанд, ки бо Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон, байъат кардааст.

Вазъ дар шимоли Афғонистон шадид мешавад: Дӯстум бар зидди Толибон ҷанг эълон кард

"Саркардаи онҳо шахсе ба номи Ҷумъа Талбон, сокини рустои Шоҳдара аст, ки дар Нусай таҳсил карда, як одами бадахлоқ шинохта мешавад. Бино ба иттилои мо, ӯ соли 2018 ба Баҳораку Ҷурм назди Қорӣ Фасеҳуддин рафта, ҳимояти ӯро ба даст овардаст. Акнун онҳо фақат афроди норозӣ нестанд, балки фурсатро дуруст ташхис кардаанд ва бо имзои созишномаи сулҳ мехоҳанд қудратро дар вулусволӣ ба даст гиранд. Пас аз он ба чӣ кор машғул хоҳанд шуд, метавон танҳо ҳадс зад. Аммо он чӣ муҳим аст, ин аст, ки аз сӯи истихбороти хориҷӣ ба бозиҳои бузурги минтақаӣ партоб карда шудаанд", - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Ҳамин тавр, Толибон дар саросари “Боми ҷаҳон” (таъбире аз замони “Бозии бузург”), ки минтақаи ба ҳам омадани баландтарин нукоти ҷаҳон, назири қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш, Тиёншон, Помир, Қароқурум, Ҳимолой ва ғайра аст, густариш пайдо мекунанд. Воқеияте, ки барои бархе сирф маҳаллӣ, аммо барои бархеи дигар, минтақаиву ҷаҳонӣ маълум мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон чӣ мегӯянд?

Як манбаъи наздик ба мақомоти Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин таҳаввулот таҳти муроқибати доимии мақомоти амниятии на фақат ин кишвар, балки тамоми кишварҳои ҳамсӯ қарор дорад.

“Мо бо иттифоқи ҳамкорони худ дар созмонҳои мутааддид, назири ИДМ, Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) дар кул вазъи Афғонистонро ба баррасӣ гирифтаем. Нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО ин кишварро тарк мекунанд. Мо умедворем, ки нерӯҳои сиёсии Афғонистон ба як иттифоқи назар мерасанд ва кор ба як ноамнии густардаи дигар намекашад”, - изҳор дошт мусоҳиб.

*-созмонҳои мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия