Шаббос Негматуллоев дуввумин роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овард

Дар пайи Баҳодур Усмонов Шаббос Негматуллоев, муштзани дигари тоҷик  роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Шаббос Негматуллоев, имрӯз дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё – Уқёнус дар марҳилаи бокс-офф Санчин Кумари ҳиндуро шикаст дода, роҳхати олимпиро соҳиб шуд.

Баҳодур Усмонов нахустин роҳхати олимпиро аз Тоҷикистон ба даст овард

Шаббос Негматуллоев бо Санчин Кумар дар вазни 81 кило рақобат карда, бо ҳисоби 5:0 пирӯзиро ба даст овард.
Қаблан Шаббос дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Тайландӣ Ҷаккапонг Йомҳот пирӯз шуда, вале дар чорякфинал аз Бекзод Нурдавлатови қазоқ шикаст хӯрда буд.

Дар вазни -81кг аз қораи Осиё-Уқёнус ба ғайр аз Шаббос Негматуллоев Бекзод Нурдавлатов аз Қазоқистон, Одаӣ Ал-Ҳиндавӣ аз Урдун, Чен Дасианг аз Чин ва Пауло Аукусо аз Австралия ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст оварданд.

Ҳамчунин имрӯз Баҳодур Усмонов, муштзани шинохтаи тоҷик, баъди шикасти ҳарифи эронияш соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 гардид.

Баҳодур Усмонов, имрӯз, Ашкон Ризоӣ, варзишгари Эрониро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода, роҳхати олимпиро ба даст овард.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи соли ҷорӣ доир мегардад.