ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, бозии дӯстона мунтахаби кишвар бо яккачини наврасони Ҳиндустон доир хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, ду бозии дӯстонаи дастпарварони Аҳлиддин Турдиев санаи 13 ва 15-уми март бо ҳамсолонаҳш аз Ҳиндустон доир мекунанд.
Манбаъ мегӯяд, бозии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт.
Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқоти Осиё-2020 ширкат мекунад, ки он аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн доир мегардад.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар риштаи футбол – “U-16” охирин маротиба барои рақобатҳо дар мавсими омодагиҳояшро дар Анталияи Туркия ба анҷом расида буд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, мунтахаби наврасони тоҷик дар шаҳри Анталия 4 бозии дӯстона анҷом дода, бар бозигарони тими Олмон пирӯз шуданд.