Бо ресмон: наҷоти даҳҳо шаҳрванди Қазоқистон, ки дар ғарами барф дармонданд

Дар вилояти Ақмолаи Қазоқистон даҳҳо нафар дар ғарами барф дармонданд. Наҷотбахшон онҳоро тавассути ресмон аз ҷойи ҳодиса ба макони бехавф интиқол доданд
Sputnik

Ҳудуди ҳафт автомашина бо 20 мусофир наздики 10 километр дуртар аз шаҳри Ерейментаи вилояти Ақмола дар ғарами барф дармонданд.

Дар Покистон се деҳа зери ғарами барф монданд: 100 нафар ба ҳалокат расид

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон,  мусофирон дар макони беодам руст карданд ва аз сабаби боришоти шадиди барф ҳатто имкони ёфтани роҳ низ ғайриимкон буд.

Аз ин рӯ наҷотбахшон тасмим гирифтанд, ки ресмони наҷотро кашанд ва ба ин васила одамонро аз ҷойи ҳодиса ба макони бехавф интиқол диҳанд.

Гуфта мешавад, интиқол додани мусофирон ба хубӣ анҷом ёфт ва ба ягон нафари онҳо кумаки тиббӣ лозим наомад.