ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Нахустин маросими унвонсупорӣ дар соли 2020 бо иштироки Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Маҳмадшо Абдуллозода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуда, 53 нафар унвон гирифтанд.
“Ба 24 нафар унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 11 нафар унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ”, ба як нафар унвони “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 10 нафар унвони фахрии “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба 7 нафар унвони фахрии “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим шуд”, - омадааст дар иттилоияи Кумита.
Манбаъ зикр кард, ки соли гузашта 5 ҷаласаи комиссияи унвондиҳӣ баргузор шуда буд.
“Дар натиҷаи баргузор намудани 5 ҷаласаи комиссияи унвондиҳии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2019, 739 нафар бо унвони “Номзади Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 150 нафар бо унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 39 нафар бо унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ” сарфароз гардонида шудааст”, - хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Манбаъ афзуд, ки инчунин, 13 нафар бо унвони фахрии “Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 17 нафар бо унвони “Кормандаи шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф гардиданд.