ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Пулиси вилояти Суғд аз боздошти ду сокини шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки барои ба муомилот баровардани 2500 доллари қалбакӣ муттаҳам мешванд
Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати вазоратикорҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Ғафурҷон Солиев ва Искандар Сулаймонов, сокинони шаҳри Хуҷанд замони ба фурӯш баровардани долларҳои қалбакӣ дастгир шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки 2500 доллари қалбакӣ ба нафари сеюм Иномҷон Солиев тааллуқ дошта, барои ба фурӯш гузоштан, онҳоро ҷалб намудааст.
Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, Иномҷон Солиев барои ба муомилот баровардани долларҳои қалбакиаш ба Солиев Ғафурҷон, ки хешаш гуфта мешавад муроҷиат намудааст ва дар навбати худ ин хешиаш, рафиқаш Искандар Сулаймоновро ба ин кор ҳамроҳ кардааст.
Гуфта мешавад, аз ҳисоби фурӯши ҳар 100 доллари қалбакӣ, Иномҷон барои онҳо 10 долларӣ ваъда кардааст.
"Ба ман Солиев Ғафурҷон занг зад ва хост ба наздаш равам. Ӯ маро бо Солиев Иномҷон, ки писари амакаш будаст
шинос кард. Иномҷон гуфт, ки ман доллари қалбакӣ дорам, онҳоро арзон гузарону аз ин ҳисоб 90 долларашро ба ман деҳ ва 10 долларашро худат гир. Ману Ғафурҷон онҳоро ба муомилот баровардем ва милисаҳо моро дастгир карданд", гуфтааст Искандар Сулаймонов.
Ба иттилоъи Шарифӣ, гумонбаршудаҳо як дафъа 300 доллари қалбакиро иваз намуда, ҳангоми кушиши навбатӣ дастгир шудаанд.
Ба таъкиди Акбар Шарифӣ, аз рӯйи ин ҳодиса нисбати Ғафурҷон Солиев ва Искандар Сулаймонов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.