Унвони Далер Назаров: фақат президент ҳақ дорад

Масъулини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таъкид доштанд, ки агар Далер Назаров, овозхони шинохтаи кишвар санадҳояшро ба расмият дарорад барои ӯ ҳеҷ монеа ва маҳдудияте барои гирифтани мукофоти давлатӣ мавҷуд нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik.  Масъулини вазорати фарҳанги Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе қайд намуданд, ки Далер Назаров, овозхони шинохтаи кишвар ба хотири доштани ду шаҳрвандӣ, бояд тавасути Вазорати корҳои хориҷӣ ба расмият дарорад ва ба Вазорати фарҳанг пешниҳод намояд.

Далер Назаров омили асосии рушд накардани эстрадаи тоҷикро тавзеҳ дод

Ба изҳори масъулини Вазорати фарҳанг, тибқи моддаи 5 қонуни Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Тоҷикистон", Далер Назаров метавонад ҳуҷатҳояшро дар Вазорати умури хориҷӣ ба расмият дарорад ва ба Вазорати фарҳанг пешниҳод намояд. 

Масъулини вазорат ҳамчунин афзуданд, ки дар ҳолати ба расмият надаровардани маводҳои дахлдор, Вазорат салоҳият надорад худсарона Далер Назаровро ба мукофот пешниҳод намояд.

“Ин салоҳият фақат дар дасти раиси Комиссияи мукофотонии назди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба истиснои раиси ҳукумати Тоҷикистон дигар ҳеҷ нафар салоҳияти чунин ваколатро надорад”, - гуфтанд масъулини Вазорати фарҳанг.

Ҳамзамон, Вазорати фарҳанг қайд кард, ки баъди гузаштани расмиёт дар вазора ин масъала баррасӣ мешавад ва як комиссияи босалоҳият аз ҳисоби собиқадорони касбӣ таъсис дода мешавад.

"Мо умед дорем, мутмаин ҳам ҳастем ва  кафолат медиҳем, ки Далер Назаров бидуни ягон чуну чаро ба ҳукумати Тоҷикистон мактуб ирсол мекунад ва соҳиби ҷоизаи давлатӣ мегардад”, - таъкид доштанд масъулини Вазорати фарҳанг.

Ёдрас мешавем, ки қаблан собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода гуфта буд, барои Далер Назаров, ҳеч монеаю маҳдудияте барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ мавҷуд нест.

Рейтинги овозхонҳо: Далер Назаров маҳбубтарин овозхон дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад

Орумбекзода гуфт, ҳамчун вазир ваколат надорад, ки тартиботи қонунро нақз кунад ва додани мукофотҳои давлатӣ наметавонад бо супориш аз боло сурат бигирад.

Ӯ гуфт, ҳеч кас барои Далер Назаров маҳдудият эҷод накардааст, кадом нафаре набошад, Далер Назаров ё каси дигар бояд ҳуҷҷатҳоро таҳия кунаду зина ба зина аз тартиби муайяншуда гузарад. Ӯ бо таассуф изҳор дошт, ки ин расмиёт то ҳол анҷом дода нашудааст. Вазир зинаҳои пешниҳод ба мукофотҳои давлатиро шарҳ дод.

“Дар навбати аввал ҳуҷҷатҳо дар ҳайати коллективи ҳамкорон таҳия мешавад, баъд бо ҳукумати шаҳр мувофиқа мешавад, баъд аҳли ҳунар ба Вазорати фарҳанг пешниҳод мешаванд, мо ба Ҳукумати ҷумуҳурӣ пешниҳод мекунем. То имрӯз мутаассифона чунин пешниҳод нашудааст”, - изҳор дошт Орумбекзода.

Вазир таъкид намуд, ки барои гирифтани мукофоти давлатӣ расмиёти қонун бояд иҷро шаваду пешниҳодҳо метавонанд аз сатҳи ноҳияю вилоятҳо ироа гарданд. Орумбекзода илова намуд, ки хоҳ вазир бошад, хоҳ падари вазир, бояд меъёри қонунҳо риоя шавад.

Муъҷиза: Чоршанбе Аловатов бо суруди Далер Назаров доваронро шигифтзада кард - видео

Ӯ таъкид кард, ки наметавонад ба Ҷаноби олӣ расонад, ки Далер Назаров мардаки хуб аст, мукофот диҳед.

Дар ҳамин ҳол, худи Далер Назаров бо нашри як баёнияе дар саҳифаи Facebook худ изҳор доштааст, ки ба ӯ ҳеҷ унвон лозим нест, зеро муҳаббати мухлисон барояш унвон мебошад.

“Замоне дар куҷое ҳам атрофи ҳамин савол баҳс карда буданд ва ман мегӯям, ки мусиқӣ барои ман кор нест, балки зиндагӣ, муҳаббат ва истироҳати ман аст. Чаро барои коре, ки ман аз иҷрои он лаззат мебарам, мукофотам бидиҳанд? Ин ҳам мисли онест, ки барои нафаскашӣ ба ман мукофот медиҳанд”,-изҳор доштааст Далер Назаров.

Ҳамчунин, овозхон гуфтааст, ки атрофи ин баҳсҳо вокунише нишон доданӣ набуд, вале кор то ба вазири фарҳанг, ки ӯ зиёд эҳтиромаш мекунад, расидааст ва намехоҳад, ки вазир дар ҳолати ногувор монад.

“Ман дар ягон муассисаи давлатӣ собиқаи корӣ надорам. Аз рӯи маълумот ман муаллими забон ва адабиёти рус мебошам. Ба ҳамин хотир пешниҳоди ин савол ба Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг асос надорад. Аз таҳти дил хоҳиш мекунам, ки дигар масъалаи ба ман додани унвонро ба миён нагузоред”,-таъкид доштааст Далер Назаров.