Ҳақ надорем: чаро ба ҳавопаймоҳои Русия дар Чин ба шаҳрвандони Тоҷикистон роҳ намедиҳанд?

Шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон натавонистанд ба воситаи ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ аз Чин ба Русия парвоз анҷом диҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки дар он як гурӯҳ ҷавонон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки онҳоро дар Чин ба ҳавопаймоҳои ширкати "Уральские авиалинии" роҳ намедиҳанд.

Ба гуфтаи ҷавонон, онҳо дар даст чиптаи парвоз доранд, аммо бо сабабҳои номаълум ҳавопаймо ба рӯйи онҳо баста аст. Бархеҳо чанд рӯз ташнаву гушна дар фурудгоҳ мондаанд.

Ширкати "Уральские авиалинии" ба РИА Новости қазияи пешомадаро тавзеҳ додааст. Далели ин амали кормандони ширкат дастури ҳукумати Русия таҳти рақами 140 аз 30 январи соли ҷорӣ будааст.

"Аз имрӯз сар карда, ширкати ҳавоӣ танҳо парвозҳои махсус анҷом медиҳад. Маҳз мақомоти Чин аз Русия хоҳиш карданд, ки ба ин восита шаҳрвандонамонро берун аз Чин кунем.  Мувофиқи иҷозатномае, ки ба даст овардаем, ҳуқуқ дорем, ки танҳо шаҳрвандони Русияро интиқол диҳем", - афзудааст аз "Уральские авиалинии".

Дар ҳамин ҳол, тавзеҳ дода намешавад, ки чаро чиптаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ фурӯхта шудаанд. Аммо гуфта мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон пули чиптаро баргардонида метавонанд.