Варзишгарони қаҳрамон бидуни супоридани имтиҳон донишҷӯ мешаванд

Тибқи як қарори раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, варзишгароне, ки соҳиби унвони қаҳрамонӣ мешаванд ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд, бидуни супоридани имтиҳон ба донишгоҳҳои олии ин кишвар дохил мешаванд
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Варзишгарони Узбакистон аз имтиёзи нав бархӯрдор шуданд.

Ҷоми Президенти Тоҷикистон насиби варзишгарони тоҷику узбак гардид

Акнун он варзишгароне, ки давоми се сол унвони қаҳрамонро касб мекунанд ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён мешаванд, бидуни супоридани имтиҳон донишҷӯи донишгоҳҳои олии ин кишвар мешаванд.

Ин имтиёзро раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирззиёев ба варзишгарони узбак фароҳам овард. Ӯ дар робита ба ин, қарори дахлдорро ба тасвиб расонд ва ҳамчун тасмим гирифтааст, ки омӯзгорони варзишарони қаҳрамонро қадрдонӣ мекунад.

Абдуллозода мардуми кишварро бо Рӯзи варзишгарон шодбош гуфт

Шогирдони он  варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ ҷойи 1 азони худ мекунанд бо мукофоти пулии яквақта дар ҳаҷми 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ҷойи дуюм 4 нишондиҳанда  ва ҷойи саввум 3 нишондиҳанда, мукофотонида мешаванд.

Гузашта аз ин, устодони кафедраҳои тарбияи ҷисмонӣ, ки донишҷӯёни қаҳрамонро омода мекунанд, бо супориши раисҷумҳури Узбакистон унвонҳои аз қабили дотсент ва профессор сазовор мешаванд.