ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Хоманеӣ зимни тавсиф аз қаҳрамониҳои Сулаймонӣ изҳор доштааст, ки кори ӯ мутваққиф нахоҳад шуд, хабар додаст Парс тудей.
Роҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар робита ба марги Сулаймонӣ дар Эрон се рӯз азои умумӣ эълом кардааст.
Ин таҳдид дар ҳоле садо дод, ки Пентагон гуфт, бо дастури Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, Сулаймонӣ, ки дар феҳрасти террористӣ қарор дошт, кушта шуд. Мақомоти ИМА Сулаймониро масъули ҳамлаҳои террористӣ алайҳи мардуми ИМА медонанд.
Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар саҳифааш дар Твиттер қатли Сулаймониро аз ҷониби ИМА, террор ва аблаҳӣ хонда, ки шиддати авзоъро дар пай дорад.
Ӯ афзудааст, ки Сулаймонӣ аз муваффақтарин нерӯ дар мубориза бо созмонҳои террористии “ДОИШ”, Ал-Нусра ва Ал-Қоида буда, қатлаш амали хеле хатарнок ва аблаҳона барои муташанниҷ кардани вазъият буд.
Агнес Каламар, гузоришгари махсуси СММ қатли Сулаймонӣ ва ҳамроҳонашро ғайриқонунӣ ва хилофи меъёрҳои ҳуқуқи башар хондааст.
Майк Помпео, котиби давлатии ИМА бо нашри як навор дар саҳифаи интернетияш изҳор доштааст, ки ироқиҳо дар кӯчаҳо барои озодӣ мерақсанд ва миннатдоранд, ки генерал Сулаймонӣ дигар нест. Гуруҳе аз мақомдорони ИМА аз қарори Трамп ҷонибдорӣ карда, ҷаҳонро бе Сулаймонӣ амнтар хондаанд, қатлашро амалиёти дифоӣ унвон кардаанд.
Аммо бархе аз мақомдорони ИМА аз тасмими Трамп интиқод кардаанд, ки амалан метавонад, куштори бештареро дар пай дошта бошад.
Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, дар пасманзари хабарҳо аз қатли Сулаймонӣ дар саҳифааш танҳо парчами давлаташро нашр кардааст ва шарҳеро ироа накардааст.