Дар Хатлон 561 иншооти варзишӣ бунёд мешаванд

Ба истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Хатлон бунёди 561 иншооти варзишӣ дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон , дар мулоқот бо варзишгарон дар шаҳри Бохтар изҳор дошт, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бунёду барқарорсозии иншоотҳои варзишӣ дар қаламрави вилоят таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.

Ҳаводиси 2019: аз задухӯрдҳои марзӣ то допинг, афв ва моҷарои пулфиристӣ

“Аз ҷумла то 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 561 иншооти соҳаи варзиш, аз ҷумла 378 майдонча, 91 адад толори варзишӣ ва 92 майдончаи бозиҳои кӯдакона ба нақша гирифта шудааст”, - хабар додаст котиботи ҳукумати Хатлон аз қавли Ҳакимзода.

Ӯ афзуд, то имрӯз 165 майдончаи варзишӣ, 26 толори варзишӣ, 1 варзишгоҳ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ сохта шуд, ки барои рушди соҳаи варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва бевосита машқварзии ҷавонону варзишгарон хизмат хоҳанд кард.

Раиси Хатлон таъкид намудаст, яке аз омилҳои асосии пешгирии амалҳои номатлуб варзиш маҳсуб ёфта, таъсиси федератсияҳои гуногун дар ҷумҳурӣ ҳам, бо ҳамин мақсад амалӣ гардидааст.