Дастури Аҳмадзода барои арзон кардани нархи гӯшт ва бозгардонии симои пешини "Панҷшанбе"

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин супориш додааст, ки дар остонаи ҷашни Соли нав нархҳои маҳсулот аз ҷумла гӯштро арзон кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади ошноӣ бо раванди корҳои ободонӣ дар ҳудуди бозори марказии "Панҷшанбе" аз ин маркази савдо ва бозорҳои атрофи он боздид намудаанд.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо фурӯши маҳсулоти гуногун, пеш аз ҳама ба нархи он таваҷҷӯҳ намуда, аз масъулини дахлдор даъват кардааст, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ нархҳо танзим ва то ба қадри имкон поён оварда шавад.

"Роҳбари вилоят дастур дод, ки бо ташкили дӯконҳои фурӯши гӯшт аз ҷониби Ҷамъияти иттифоқи "Тоҷикматлубот"-и вилоят ва дигар сохторҳои дахлдори вилоят ва ба роҳ мондани ҳамкориии судманд бо хоҷагиҳои кишоварзию чорводорӣ ба арзиши он таъсиргузорӣ намоянд, то ин ки ба мардум дастрас гардад", - омадааст дар хабарнома.

Ӯ таъкид кардааст, ки фаровоннамоии маҳсулоти бозор дар остонаи Соли нави мелодӣ тибқи дастуру супориши Президент Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳадаф пеш аз ҳама дастраснамоии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия аст.

Ташвиши Аҳмадзода аз бозгашти ҷавонон ба мадрасаҳои хориҷӣ ба далели бекорӣ

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот дар охири сол 20-30 фисад арзон карда шавад.

Раиси вилояти Суғд аз растаи нонфурӯшон, биринҷфурӯшон, мевафурӯшон ва дигар маҳсулоти донагӣ боздид намуда, ба масъулини дастур додааст, ки барои зиёд намудани маҳсулоти навъи аълои бозоргир тадбирҳо андешанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз вазъи нархи картошка, сабзӣ, пиёз, шалғам ва ғайраҳо низ ошно гардид.

Дар фароварди боздиди худ Аҳмадзода аз бозори марказии "Панҷшанбе" ба суръатбахшии раванди корҳои ободонӣ, бахусус эҳё намудани симои қаблии бозори машҳури вилоят бо санъати меъмории миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Таъкид шудааст, ки ба ҳолати санитарию эпидемологии бозор диққати авалиндараҷа дода шуда, аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва вайрон гардидани сохти меъмории бозор ҷилавгирӣ карда шавад.