Гузориши аксӣ аз мулоқоти раисҷумҳурони узви СПАД дар Бишкек

Sputnik

Рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви СПАД раисҷумҳурони Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва сарвазири Арманистон дидор ва мулоқот баргузор намуданд. нишасти кишвардорони шаш давлат дар қароргоҳи давлатии Ал - Арча сурат гирифт.

Путин бо “Aurus” Раҳмон бо Mercedes-Benz: мошинҳои зиреҳпуши Президентҳо - видео

Дар кори ин  ҷаласа раисҷумҳурон: Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, Қосим- Жомарт Тоқаев, Сооронбой Жээнбеков, Александр Лукашенко ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян иштирок намуданд.

Кишвардорони шаш давлати узви ин созмон, масоили амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва инчунин рушди неруи низомии созмонро баррасӣ карданд.

Раҳмон аз хатару таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД ҳушдор дод

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хатару таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СПАД ҳушдор дода, ҳамтоёни худро ба муттаҳидшавӣ ва  муборизаи муштарак будан алайҳи терроризму ифротгароӣ даъват намуд.

Гузашта аз ин, владимир путин раисҷумҳури Русия аз хатари маводи мухаддир ибрози назар намуда, афзуд, ки ба муқобили қочоқи маводи мухаддир бояд дастаҷамъона мубориза бурд.

Раҳмон аз хатару таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД ҳушдор дод

Маврид ба ёдоварист, ки ба узвияти СААД Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус ва Арманистон шомил ҳастанд.

Ҳадафи асосии ин созмон ҳифзи фазои минтақавӣ ва иқтисодии кишварҳои узв аз ҳамалоти таҷовузкорони низомӣ-сиёсӣ, терроризм ва инчунин офатҳои табиӣ мебошад.

1 / 13
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД рӯзи панҷшанбе дар бӯстонсарои "Ала-Арча" дар Бишкек баргузор гардид
2 / 13
Маросими аксбардории сарони кишварҳои узви СПАД
3 / 13
Акси муштараки раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
4 / 13
Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо Сооронбой Жээнбеков
5 / 13
Дар ҷараёни нишасти сарони кишварҳои узви СПАД масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
6 / 13
Ҷаласаи СПАД - ро раисҷуҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ифтитоҳ кард
7 / 13
Нишасти сарони СПАД дар Бишкек
8 / 13
Раисҷумҳури Қазоқистон Жомар - Қосим Тоқаев дар нишасти СПАД
9 / 13
Раисҷумҳури Русия аз ҳамтоёни худ даъват намуд, ки муборизаи муштарак алайҳи терроризмро пиёда кунанд.
10 / 13
Ғайр аз он, Владимир Путин ба зарурати ташкили маркази вокуниш ба бӯҳронҳои СПАД таваҷҷӯҳ кард.
11 / 13
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хатару таҳдидҳо ба кишварҳои узви СПАД ҳушдор дод.
12 / 13
Эмомалӣ Раҳмон низ ба зарурати пиёда намудани муборизаи муштарк алайҳи терроризму ифротгароӣ таъкид кард
13 / 13
Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко дар нишасти СПАД.