ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ахиран Александр Лукашенко, раисумҳури феълии Белорус дар ҳузури хабарнигорони дохиливу хориҷӣ эълон кард, ки тасмим дорад номзадиашро ба курсии раисҷумҳур пешниҳод намояд.
Ба гуфтаи вай, агар мардуми кишвараш ӯро дар интихобот дастгирӣ наукунанд вай аз онҳо намеранҷад.
“Ман дар вазифаам солҳои тӯлонӣ кор кардам, агар мардум интихоби дигар дошта бошанд ман аз мардумам намеранҷам. Агар мардум суботу рушди ороми кишварро интихоб кунанд онҳо бояд худашон аз раисҷумҳур хоҳиш намоянд, ки дар интихобот иштирок намояд”, - таъкид кард Лукашенко.
Ҳамзамон вай зикр кард, ки номзадиашро дар интихобот пешниҳод мекунад ва агар бинад, ки мардум мардум аз ӯ пуштибонӣ намекунанд, курсии президенти бо ду даст надошта меравад.
Вай гуфт, мардуми Белорус метавонанд аз номзадиаш пуштибонӣ накунанд.
Бори ахир Александр Лукашенко дар интихоботи моҳи октябри соли 2015 ба рақибонаш пирӯз шуда буд.
Александр Лукашенко яке аз собиқадортарин президентҳои кишварҳои пасошӯравист, ки аз моҳи июли соли 1994 то ба ҳол роҳбарии Белорусро бар ӯҳда дорад.