Овозҳои тиллоӣ ва рақсҳои шинам: Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон - акс

Sputnik

Нахуст консерти ҳайати фарҳангиёни узбак дар толори театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор гардид.

Вазири фарҳанги Узбакистон: "Мо як халқ ҳастем, ки бо ду забон сухан мекунем"

Фарҳангиёни Ҷумҳурии Узбакистонро дар даромадгоҳи театр бо навои дафу рубоб ва карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Меҳмонии фахрии ин маъракаи фарҳангӣ барои тамошобинони тоҷик Шералӣ Ҷураев буд.

Зимнан, дар баробари Ҷураев сарояндаҳои дигари машҳури ин кишвар ба мисли Ғуломҷон Яъқубов ва Маҳмуд Намозов низ бо ҳунари волои худ ҳамагонро тасхир намуданд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 13 ноябри соли 2019 ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбакистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғара сафар намуданд.

Ситораҳои эстрадаи Узбакистон ба Тоҷикистон меоянд

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, меҳмононро дар ин сафар муовини аввали вазири фарҳанг Обидҷон Назариён ва сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ҳамроҳӣ кардаанд.

Вазири фарҳанги Узбакистон бо 50 нафар вориди Тоҷикистон мешавад

Дар Қасри фарҳанг бо суханронии раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ва сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов барномаи бошукӯҳи фарҳангии Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон шурӯъ гардидааст.

Сафир зикр намудааст, ки дар як соли охир 1700 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Узбакистон ва тақрибан ҳамин қадар шаҳрвандони Узбакистон ба Тоҷикистон сафар намудаанд.

"Халқи тоҷик ва ӯзбек аз қадим дар ҳамсоягиву бародарӣ зиста, урфу одат, анъана, тарзи рӯзғордории ягона доранд. Дар дунё мисли халқҳои тоҷику ӯзбек дигар ду халқе нест, ки то ин андоза бо ҳам дӯсти наздик бошанд", - гуфтааст сафир.
Манбаъ афзуда, ки оҳанги дилнавози узбакӣ, рақсу суруди ҷаззоби диданӣ манзури аҳли толор гардидааст.

1 / 10
Ифтитоҳи маъракаи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Узбакистон дар Тоҷикистон, дар бинои Театри давлати академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
2 / 10
Ҳайати фарҳангиёни давлати Узбакистонро бо садои дафу карнай пешвоз гирифтанд
3 / 10
Рақосаи гурӯҳи рақсии "Тошканд Зеболарӣ"
4 / 10
Дар баробари рақси зебои гулдухтарони узбак, рақосаҳои тоҷик низ ҳунарнамоӣ карданд
5 / 10
Меҳмони фахрии маъракаи мазкур ин овозхон ва ҳунарманди машҳури узбак Шералӣ Ҷураев буд
6 / 10
Шералӣ Ҷураев сурудҳои машҳури худро пешкаши тамошобинон кард
7 / 10
Маросими Рӯзҳои фарҳангии Узбакистонро либоси шинам, рақосаҳои зебо ва моҳир ҷолибтар гардонданд
8 / 10
Рақосаи узбак зери навои гурӯҳи "Мақом" ҳунарнамоӣ мекард
9 / 10
Баромади овозхонҳои узбак Ғуломҷон Яъқубов ва Маҳмуд Намозов дар маъракаи идона
10 / 10
Тамошобинони тоҷик ба маҳорат ва малакаи ҳунармандони узбак баҳои баланд доданд