Модар фарзандашро пас аз 12 соли бедаракшавӣ пайдо кард

Сокини Павладори Қазоқистон муддати 12 сол писари худро меҷуст ва ахиран пайдо кард. Маълум гардид, ки фарзанди ӯро кормандони пулиси Русия бинобар надоштани ҳуҷҷат боздошт намуда, ба муассисаи нигаҳдории муҳоҷирон интиқол доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Шарипа Салимхонова зани 66 - сола, сокини Павладор, муддати 12 сол чашм ба роҳи фарзанди бедаракшудаи худ буд.

Модар баъд аз 30 сол фарзандони гумшудаашро дар Тоҷикистон пайдо кард - навор

Ахиран бо кумаки кормандони пулис ин модари солхӯрда ба дидори фарзанди худ расид, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Манбаъ меафзояд, Шарипа Салимхонова писари худ Жантасро давоми 12 сол меҷуст. Жантас соли 2012 дар Қазоқистон ҷиноят содир намуда,  аз тарси он ки ӯро боздошт мекунанд, дар  Русия паноҳ бурд ва модараш дигар аз ӯ хату хабареро дарёфт накард, - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Муроҷиати ВУД ба сокинони Душанбе: падарону модарон, фарзандони худро назорат кунед

Тӯли тамоми ин солҳо, Салихонова кӯшиш кард, то дар бораи фарзанди худ ақалан чизеро бифаҳмад. Ӯ пайваста барои дарёфт намудани писараш ба Хадамоти марзбонии ду давлат, Депортаменти Кумитаи амнияти милӣ ва ҳамзамон кормандони  пулис муроҷиат мекард.

Роҳи дарози бозгашт ба Ватан: қиссаи зани тоҷике, ки ҳамсараш бо роҳи фиреб ба хориҷ бурд

Танҳо ҳамин сол, бо гузашти 7 соли расо, Шарипа хабаре гирифт, ки писараш дар боздоштгоҳи Барнаул нигаҳдорӣ мешавад. Ҳарчанд модараш билфосила ба боздоштгоҳи Барнаул рафт, вале ба бозпас овардани фарзанди худ  муваффақ нашуд, чун ӯ ягон ҳуҷҷати тасдиқкунада дар даст надошт.

Зимнан,  ӯ ба муовини раҳбари Хадамоти муҳоҷирати вилояти Павлодор муроҷиат намуда, дархости кумак кард.

Муҳоҷирони тоҷику афғон аз боздоштгоҳи муваққатӣ фирор намуданд

Казбек Ахмедов муовини сардори хадамоти мазкур ба консулгарии Қазоқистон дар Омск тамос гирифта, ахиран бо кумаки ҳар ду ҷониб қазияи ин шаҳрванд ҳалли худро пайдо кард.  

Феълан, Жантас ба Қазоқистон баргашт ва ҳуҷҷатҳои худро низ барқарор карда ба кормандони пулис изҳори миннатдорӣ намудаст.