ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Рамзикори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммедов бо анҷом додани ду ё се муҳорибаи дигар тарки октагон мекунад, мегӯяд падар ва мураббии ӯ Абдулманап Нурмуҳаммедов ба YouTube-канал Fight Nights Global.
Ба изҳори падари Ҳабиб, ӯ танҳо барои ду ё се маротибаи дигар ба октагон мебарояду халос.
Зимнан Абдулманап қайд намудаст, ки феълан рақиби аз ҳама мувофиқу арзанда барои Ҳабиб ин Тони Фергюсон мебошад. Муҳорибаи ин ду варзишгари бақувват, бузургтарин рақобат дар таърихи UFC хоҳад буд.
Гузашта аз ин, Абдулманап дар мавриди эҳтимоли баргузор шудани муҳорибаи Ҳабиб бо Конор Макгрегор гуфт, ки рақобат танҳо дар мавриде имкон доир шудан дорад, агар рақибони Ҳабиб аз иштирок дар набард даст кашанд.
"Конор феълан ба бозӣ, шухию масхарабозӣ машғул аст, танҳо сафсата мегӯяду халос. Агар қаблан ӯ имкони шикаст додани рақиби худро дошт, ҳозир аз ин имконият бархурдор нест", - мегӯяд падари Ҳабиб.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳабиб феълан 31 сол дорад ва баҳори соли гузашта камарбанди қаҳрамони ҷаҳон дар муҳорибаи сабукро сазовор шуд ва барои ду маротиба тавонист онро ҳифз намояд.
Ҷавоби падари Нурмуҳаммадов ба Макгрегор дар бораи тарсончакии Ҳабиб
Дар муҳорибаи аввал варзишгари ирландӣ Конор Макгрегорро шикаст дод ва ҳамчунин аз размикори амрикоӣ Дастин Пуаре низ дастболо шуд.
Ҳабиб алъон 28 муҳориба анҷом додаст ва боре ҳам шикаст нахурдаст.