Эълони мукофотпулиҳо барои Сомон: Кумита чанд медиҳаду Президент чӣ қадар?

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбековро бо 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Тибқи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон,  барои ба даст овардани медали тиллои Чемпионати ҷаҳон дар риштаи ҷудо миёни ҷавонон дар шаҳри Марокаш, 24 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе маросисми бошукуҳи пешвози паҳлавон баргузор мешавад.

Вуруди 3 намуди дигари варзиш ба барномаи Бозиҳои Осиё - 2022

Кумита тасмим гирифтааст, дар ин ҳамоиш варзишгарро бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ менамояд. Сомон Маҳмадбеков аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 300 доллари ИМА бархӯрдор буда, охири сол барои ин дастовардаш дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ бо ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ сарфароз мегардад.

Манбаъ зикр намудааст, ки Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни 73 кило бар варзишгарони Кеп Верд - Семедо Клаудиано, Қирғизистон - Асад Масабиров, Белгия - Абдул Малик Умаев, дар чорякфинал бар намояндаи Итолиё - Эдуардо Мелла, дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Руссия дастболо шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро миёни ҷавонон сазовор гардид.

Торихи варзиш дар як навор: аз замонҳои қадим то имрӯз

Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ дар радабандии олимпии вазни -73 килои Федератсияи ҷаҳонии ҷудо аз ҷои 21-ум ба мақоми 14-ум ва дар радабандии ҷаҳонӣ аз ҷои 31-ум ба ҷои 19-ум баромад. Миёни ҷавонон бошад, 57 зина боло баромада, ҷои аввалро ишғол мекунад.

Сомон Маҳмадбекови 20-сола аз соли 2015 дар мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо иштирок мекунад ва то ин вақт медалҳои тиллои Ҷоми Африқо миёни ҷавонон (Тунис, 2017), Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Арад, 2017), Ҷоми Осиё миёни калонсолон (Ҳанг Конг, 2018), медали нуқраи Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Коимбра, 2018), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017)-ро мушарраф гардида, дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон соли 2019 дар Токио маҳорати хуб нишон дода, ҷои 5-умро ишғол кард.