Ҷашнвораҳои футбол дар арафаи гусели наврасони тоҷик ба Ҷоми Ҷаҳон дар Бразил

Федаратсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид силсилаи ҷашнвораҳои футболро бахшида ба гусели тими наврасони Тоҷикистон – “U-17” ба Ҷоми Ҷаҳон дар Бразил баргузор мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷашнвораҳои футбол то ҳол дар шаҳрҳои Ваҳдат, Бохтар, Истаравшан ва Хуҷанд доир гардиданд.

Ҷазои футболбозони тоҷик барои муштзании гуруҳӣ ва дашноми мухлисон

“Дар иди футбол бозингарони тими наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо кӯдакон бозиҳо анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ, тӯб ва либоси варзишии футбол тақдим намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки 12 октябр соати 11:00 чунин ҷашнвора дар майдонҳои футболи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Кумита зикр намудааст, ки дар Чемпионати ҷаҳон-2019 – “U-17”, ки аз 26 октябр то 17 ноябр дар Бразил доир мегардад, тими наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “Е” бо дастаҳои мунтахаби наврасони Испания, Аргентина ва Камерун бозӣ мекунад.

Рӯзи 28 октябр дар даври аввал футболбозони навраси мо бо тими Камерун вомехӯранд, дар даври дуюм 31 октябр муқобили Испания ва дар даври сеюм 3 ноябр муқобили Аргентина бозӣ мекунанд.

Видеои голҳо ва хандаю гиря: наврасони тоҷик тими Урдунро шикаст доданд

Дар чемпионат 24 даста дар 6 гурӯҳ ширкат менамоянд. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва 4 дастаи беҳтари ҷои сеюми гурӯҳҳо ба ҳаштякфинал роҳхат мегиранд.