Навори кашола кардани арӯс дар Қирғизистон баҳси гармеро дар шабакаҳо барангехт

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки зери навори мазкур шарҳ мегузоштанд, изҳор намуданд, ки ин ҳодиса дар минтақаи Таласи Қирғизистон рӯзи 6 октябр рух додаст. Феълан кормандони пулис ба таҳқиқи ҳодисаи мазкур шурӯъ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори зӯран маҷбур намудани духтари 16 - сола барои издивоҷ дар Қирғизистон роҳ ёфт, ки боиси интиқоди шадиди корбарони ва фаъолони ҷомеаи ин кишвар гардид. 

Аз навор чунин бармеояд, ки ҷавондухтари ноболиғро бидуни розигии ӯ ба шавҳар доданиянд. Ӯ бо доду войи баланд кӯшиш дорад аз чанги нафарони дар гирду атрофи будаи ӯ худро раҳо кунад.

Дар Узбакистон синни издивоҷро барои духтарон як соли дигар боло бардоштанд

Аммо ба гиря ва зораи ӯ ягон кас аҳамият надода, балки зери садои мусиқӣ машғули кафкӯбӣ ҳастанд.

Маросими арӯсӣ дар Тоҷикистон ва Узбакистон чигуна мегузарад?

Бар тибқи шарҳи кормандони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳодисаи мазкур рӯзи 6 октябри соли равон дар манотиқи Талас рух додаст. 

Аммо котиботи шуъбаи  ВУД ин вилоят мегӯянд, ки агар ҳодиса дар Талас рух медод, кормандони пулис кайҳо хабардор мешуданд. Ба тахмини кормандони пулис, ҳодиса дар дигар манотиқи Қирғизистон сурат гирифтаст ва феълан онро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Маврид ба зикр аст, ки парлумони Қирғизистон соли 2011 синни издивоҷро аз 16 ба 17 сол боло бурданд.