Шараф Давлатмуродов размикори тоҷик пас аз пирӯзӣ ба ҳаводоронаш сипос гуфт - видео

Размикори тоҷик пас аз он, ки рақиби амрикоии худро шикаст дод, ба тамоми ҳаводорону мухлисонаш изҳори миннатдорӣ намудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Шараф Давлатмуродов, размикори муваффақи тоҷикистонӣ, шоми дирӯз бар ҳарифи амрикоии худ, Бретта Купера дастболо шуд.

Шаби рақобати Ҳабиб дар Душанбе чӣ гузашт? - видео

Давлатмуродов рақибашро дар даври дуюми муҳориба бо усули нокаути техникӣ шикаст дод.

Зимнан, пас анҷоми бозӣ ва дастболо шудани размикори тоҷик, наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки дар он Давлатмуродов ба кулли мухлисон ва аъзоёни тимаш миннатдорӣ баён мекунад.

Дар навори мазкур Давлатмуродов дар баробари изҳори сипос ба мухлисони худ, аз дастгириҳои мураббияш Тарас ситоиш намуда, гуфт барои ба даст овардани пирӯзӣ ӯву Тарас давоми ду сол бисёр заҳмат кашиданд.