Иштирок ва қадрдонии кормандони КҲФ дар тамринҳои муштарак дар Қирғизистон

Идораҳои наҷоти Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар қаламрави вилояти Боткенти Қирғизистон бори аввал машқҳои муштарак гузаронданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзҳои 24-25 сентябри соли равон 2019 дар қаламрави вилояти Боткенти Қирғизистон бори аввал машкҳои муштараки  идораҳои наҷоти Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Тоҷикистону Узбакистон боз размоиши ҳарбӣ доир мекунанд

Идораҳои наҷоти се кишвар дар машқҳои муштараки байналмилалӣ  бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи наздисарҳадиро таҷриба карданд.

Ҳамсоякишварҳо дар Тоҷикистон бар зидди терроризм мубориза мебаранд

Барои ширкат дар ин тамрин қувваҳо ва воситаҳои наҷоти воҳидҳои КҲФ Тоҷикистон, ВҲФ Қирғизистон ва ВҲФ Узбакистон ҷалб шуданд.

“Машқҳои муштарак дар доираи ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозиҳо доир ба ҳолатҳои фавқулода миёни КҲФ Тоҷикистон, ВҲФ Қирғизистон ва ВҲФ Узбакистон дар доираи созишномаҳои байнидавлатӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин протоколи ҳамкориҳо миёни КҲФ Тоҷикистон, ВҲФ Қирғизистон ва ВҲФ Узбакистон, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Бишкек имзо шуда буд, роҳандозӣ шуд”, - таъкид намуд манбаъ. 

Нахустин ҷаласаи идораҳои наҷоти Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд

Нахустин тамрини муштараки марзбонони Узбакистону Тоҷикистон ва имзои созишномаи ҳамкорӣ

Дар ҳамин ҳол манбаъ қийд намудааст, ки дар тамринҳо воҳидҳои наҷоти се кишвар амалҳо ҳангоми таҳдид ва ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаи наздисарҳадиро машқ карданд, ҳамчунин як силсила чорабиниҳои бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар доираи механизмҳои ҳамоҳангсозии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаро низ роҳандозӣ намуданд.

Ҳамзамон манбаъ таъкид намудааст, ки барои ширкати фаъолона дар машқҳои муштарак 13 нафар кормандони КҲФ Тоҷикистон бо медалҳои ВҲФ Қирғизистон ва нишонҳои хотиравии ВҲФ Узбакистон қадрдонӣ шуданд.