Ширкати куштигирони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон-2019: ҷоиза 80 ҳазор доллар

Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон аз 25 то 28 сентябри соли равон Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон доир мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо дар қаҳрамонӣ 464 варзишгар аз 61 давлат иштирок мекунанд. Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон миёни наврасон дар ҳайати 11 варзишгар – 10 писар, 1 духтар – ба Алмаато сафарбар гардидаанд.

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо ҷои панҷумро ишғол карданд

Қувваозмоиҳо аз рӯи 16 категорияи вазнӣ – 8 вазн миёни писарон, 8 вазн миёни духтарон сурат мегирад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни писарон Абдулло Сайфуллоев, Сарвар Абдушукуров, Алишер Баротов, Фирӯзҷон Мелибойзода, Икромҷон Қурбонов, Ғаниҷон Ғание, Озодӣ Носиров, Сунатулло Лоиқов, Мансур Раҳмон, Иброҳимҷон Элмуродов ва миёни духтарон Аҳлия Муъминова гӯштин мегиранд.

Манбаъ меафзояд , фонди ҷоизавии қаҳрамонӣ 80 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Варзишгароне, ки ҷои аввалро ишғол мекунанд, 2300 доллар, ҷои дуюм – 1300 доллар ва ду ҷои сеюм 700-долларӣ ҷоизапулӣ мегиранд.

Комроншоҳ дар мусобиқаи ҷаҳонии устодони дзюдо ширкат мекунад

Қайд кардан ба маврид аст, ки миёни варзишгарони тоҷик Ғаниҷон Ғаниев соли равон унвони қаҳрамони Осиёро сазовор гардида, Мансур Раҳмон ва Аҳлия Муъминова медали биринҷии Қаҳрамонии Осиёро ба даст овардаанд.