“Хатлон” ба сегонаи пешсафи Чемпионати Тоҷикистон шомил шуд

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз анҷоми бозиҳои даври 16-уми Чемпионати кишвар дар риштаи футбол хабар дод, ки рӯзҳои истироҳати гузашта баргузор гардиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 21 сентябр дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар майдони худ бар тими “Панҷшер” бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард.

Видеои голҳо ва хандаю гиря: наврасони тоҷик тими Урдунро шикаст доданд

Кумита дар тавзеҳи бозии тимҳои “Панҷшер” ва “Хатлон” изҳор доштааст, ки голҳои тими Бохтарро Абдухалил Боронов - 2 гол, Парвиз Охунов ва Умарҷон Шарифов ба ҳада расонданд.  

Бозии КМВА “Помир” бо “Куктош” мусовӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Ба голи задаи футболбози дастаи ноҳияи Рӯдакӣ Азизбек Султонов дар нимаи аввал, тими артиш, Шодибек Ғаффоров бо як гол посух дод.

Натиҷаи мусовии “Куктош” сабаб шуд, ки “Хатлон” бо 22 хол аз 16 бозӣ ба ҷои сеюми ҷадвали чемпионат барояд.

Инчунин рӯзи  22 сентябр тими “Истиқлол” дар майдони худ ба дарвозаи тими “Истаравшан” 2 голи беҷавоб зад. Голҳоро Шериддин Бобоев ва Аҳтам Назаров ба ҳадаф расониданд. Дар бозии дигар “Хуҷанд” бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Турсуналӣ Рустамов ба номаш сабт кард.

Президенти UFC эълон кард кай Макгрегор ба майдон мебарояд

Ба панҷгонаи тимҳои пешсафи чемпионат то ҳол “Истиқлол” бо 42 хол, “Хуҷанд” бо 26 хол, “Хатлон” бо 22 хол, “Куктош” бо 20 хол ва “Регар-ТадАз” бо 19 хол қарор доранд.