ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки низомиёни амрикоӣ тавонистанд писари таъсисдиҳандаи гурӯҳи террористии “Ал-Қоида” (мамнуъшуда дар Тоҷикистон), Ҳамза Бен Лоденро нобуд созанд.
"Ҳамза Бен Лоден узви баландпояи гуруӯҳи террористии "Ал-Қоида" ва писари таъсисдиҳандаи гурӯҳи террористии “Ал-Қоида” Усома Бен Лоден дар паи амалиёти зидди террористӣ аз ҷониби низомиёни амрикоӣ кушта шуд", - хабар медиҳад Fox News аз қавли Доналд Трамп.
Ба гуфти кишвардори амрикоӣ нобуд шудани Ҳамза нақшаҳои бузурги гурӯҳи террористиро барбод медиҳад.
"Ҳамза Бен Лоден муҳандиси нақшаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо дигар гурӯҳҳои террористӣ буд", - шарҳ додааст Трамп.
Дигар ҷузъиёти нобуд кардани террористи номӣ ифшо нашудааст.
Пештар ИМА барои маълумот дар бораи макони буду боши Ҳамза Бен Лоден мукофоти бузург - то миллион доллар ваъда карда буд.
Тобистони соли 2018 писари таъсисдиҳандаи гурӯҳи террористии “ал-Қоида” Ҳамза Бен Лоден, бо духтари террористи байналмилалӣ Муҳаммад Ато, издивоҷ кард.
Ҳамза Бен Лоден, писари Хайри Сабар, яке аз се ҳамсари зиндамондаи Усомо Бен Лоден буд.