Низомиёни қирғиз монеъи манорасозии марзбонҳои тоҷик шудаанд

Гурӯҳи афсарону сарбозони Қирғизистон монеъи сохтмони манораҳои назоратӣ дар сарҳади ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ба бунёди манораҳои назоратӣ дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машғул шудаанд. Мақомоти тоҷик ҳадафи сохтмони манораҳоро таъмини амнияти сокинон ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуб арзёбӣ мекунанд.

Вазъ дар марз: чаро дар Ботканд 100 нафар аз сокинони наздимарзӣ ҷамъ омаданд

Манобеъ аз Раёсати сарҳадбонии Тоҷикистон гуфтанд, ки 14 сентябр қабл аз зуҳр, як гурӯҳ афсарони қирғиз ба сарҳади ҷамоати Овчӣ-Қалъаҷаи ноҳияи Б. Ғафуров ворид шуданд, то марзбонони тоҷикро аз бунёди манораҳои назоратӣ дар қаламрави назоратии худ боздоранд.

Ҳоло вазъи сарҳади миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ором аст, вале сокинон мегӯянд, шумори афсарону сарбозони мусаллаҳи қирғиз дар марз аз дирӯз боз бештар ба назар мерасад.

Як сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъача, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, дида мешавад, ки шумори афсарон то ба 150 нафар афзоиш ёфта ва дар масофаи наздик ба марзи деҳоти ҷамоати Овчӣ-Қалъача дар боми бинои мактаб ва иморатҳои ҳудуди деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлак ҷойгир шудаанд.

Бидуни музокира: шамол баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистонро "ҳал" кард

Бархе аз сокинону шореҳон ин амали ҷониби Қирғизистонро иғво ва талоши фишор ба кори Комиссияи муайянсозию аломатгузории хатти марз медонанд.

Ноҳияи Б. Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад  буда, миёни ҳам 34 километр замини ҳамҳудуд доранд. Марзи муштараки ин ду ноҳия дар ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров ва ҷамоати деҳоти ноҳияи Лайлаки Қирғизистон қарор дорад. Минтақаҳои баҳсӣ миёни ин ду ноҳия вуҷуд доранд ва дар айни ҳол назорати қисмате аз онро сарҳадбонони Тоҷикистон ва қисми дигарро марзбонони қирғиз ба зимма доранд.

Ҷониби қирғизҳо дар минтақаи таҳти назорати худ, чандин манораҳои назоратӣ бунёд кардаанд.