ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, дар чемпионат варзишгарон имкон доранд роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст оваранд.
“Дар ҳар қувваозмоӣ иштирокчиёне, ки то ҷои панҷумро ишғол мекунанд, ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2020-ро пайдо менамоянд. Барои ин варзишгарони 101 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Жегед ҷамъ омадаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Ин ниҳод афзуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи қайиқронӣ дар ҳайати 5 нафар ба Чемпионати ҷаҳон сафарбар гардидаанд. Дар феҳрасти тими Тоҷикистон Шаҳриёр Даминов - каноэ, Абдусаттор Ғафуров, Зоҳирҷон Набиев, Саидилҳомхон Назиров ва Нурмуҳаммади Тоҳир – ҳама дар риштаи байдарка зикр карда шуданд.
Ба иттилои Кумита, Шаҳриёр Даминов ва Зоҳирҷон Набиев аз 1 то 20 август дар Маҷористон ба тамрин машғул буданд.
Дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи шиноварӣ миёни наврасон Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, аз Тоҷикистон се шогирди навраси Мактаби ҷумҳуриявии махсуси варзишӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ – Садам Рамзиёрзода, Ардашер Гадоев ва Нурангез Нурматова бо роҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби наврасони кишвар Аҳмадҷон Умаров рӯзи 18 август озими Маҷористон шуданд.