Латофат Назирӣ: кӯдаконе, ки аз Ироқу Сурия баргаштанд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд

Вазорати маорифи Тоҷикистон эълон намудааст, ки бар таълими кӯдаконе, ки аз Ироқу Сурия баргардонида шуданд масъул мебоашнд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Вазорати маориф барои фаро гирифтани кӯдаконе, ки аз Ироқу Сурия баргардонида шуданд пурра масъул ҳастанд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Латофат Назирӣ, муовини вазири маорифи Тоҷикистон.

Ба гуфтаи вай, имрӯз ваколатҳои конститутсионии ин кӯдакон пурра таъмин карда шудаанд.

Вазири тоҷик ба кӯдакони "ироқӣ" дар Варзоб таомҳои лазиз дод

“Мақомти Тоҷикистон ба хотири фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ барномаҳои мувофиқ ба дараҷа ва фаҳмиши кӯдакон дар сатҳи аз худкардани барномаҳои таълимии онҳо коркард карда истодааст. Пӯшида нест ин кӯдакон дар мактабҳои Тоҷикистон таҳсил кардагӣ нестанд. Дар ҳоли ҳозир, шароити кӯдакон аз тарафи масъулини Вазорат ва дигар мақомотҳои дахлдор  таҳти назорат аст”, таъкид кард Латофат Назирӣ.

Зуҳуров: беш аз 300 шаҳрванди гумроҳу фирефташудаи Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд

Вай инчунин илова кард, ки барои дар сатҳи зарурӣ фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсилоти умуми ё пеш аз мактабӣ Вазорат аз ҳама имкниятҳо истифода намуда, барои онҳо тамоми ҳуқуқҳои конститутсиониашонро таъмин месозад.

Вай қайд намуд, ки ҳануз замоне, ки кӯдакон аз ҳавопаймо берун омаданд бо онҳо равоншиносон ҳамроҳ шуданд.

“Дар ҳоли ҳозир, кӯдакон дар тамоми муассисҳои таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳамаи онҳоро ба равоншинос вобаста кардем. Равоншиносон бо ин кӯдакон кор карда истодаанд. Ҳоло тамоми имкониятҳо ва шароитҳои иҷтимоии онҳо таъмин аст”, - илова кард Латофат Назирӣ, муовини вазири маорифи Тоҷикистон.

Намояндаи ВУХ Ироқ: "барои баргардонидани занони тоҷик аз зиндонҳои Ироқ талош менамоем"

Дар ҳамин ҳол худи Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, гуфт 31 нафар кӯдакони аз Ироқ баргардонидашуда дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ҷойгир карда  шудаанд.

Планшет ҳам харидем: шахсони доро барои кӯдакони аз Ироқ баргашта бозичаву хӯрока бурданд

Ба гуфтаи вай, аз ҷониби вазорат барномаҳои мутобиқгардонӣ ташкил гардида, ба он нафароне, ки алифбои сириликро намедонанд, дарсҳои иловагӣ дода мешаванд.

“Масъалаи таъмини ғизо, сару либос, зери назорат гирифтани вазъи саломатӣ ва барқарор намудани муносибат бо хешовандони кӯдакон зери назорат қарор доранд”,- баён дошт вазир.

Нуриддн Саид изҳор намуд, ки барои пурра ба ҳолати муқаррарӣ ва асолати миллӣ баргардонидани ин кӯдакон аз ҷониби тамоми ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ду кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Ватан бар гардонида мешаванд

Ёдовар мешавем, ки 30 апрели соли равон мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ 84 нафар кӯдакони тоҷик тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.