Фатҳулло Фатҳуллоев бошгоҳашро иваз кард

Бозингари шинохтаи дастаи футболи "Истиқлол"- Фатҳулло Фатҳуллоев, минбаъд фаъолияташро дар дастаи футболи "Бухоро"-и Узбакистон идома медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бозингари шинохтаи дастаи футболи "Истиқлол"-и Душанбе ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев корномаи варзишиашро дар Суперлигаи Узбакистон идома медиҳад.

Муҳаммадиев баъди 20 сол ба “Бухоро” баргашту сармураббӣ таъин шуд

Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода, афзуддаст, ки  Фатҳулло Фатҳуллоев расман ба дастаи футболи  "Бухоро"-и Узбакистон гузаштааст. Бар хабари манбаъ, дар сарчашма маблағи гузариш ва мӯҳлати шартномаи футболбоз хабар дода нашудааст.

Хотиррасон мекунем, ки сармураббии дастаи футболи "Бухоро"-и Узбакистон мутахассиси тоҷик  Муҳсин Муҳаммадиев мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки қаблан сармураббии тими "Истиқлол", баъди анҷоми ғайриқаноатбахши бозӣ бо тими "Олтин Асир" аз мақомаш истеъфо дод.

Танҳо пирӯзӣ лозим буд: “Истиқлол” аз сабқатҳо барои ҶКО – 2019 канор монд

Дархости истеъфои Фузайловро шоми 27-уми июн роҳбарияти бошгоҳи "Истиқлол" қабул намуд.

"Истиқлол" дастаи "Помир"-ро бо ҳисоби калон мағлуб намуд

Ҷойгузини муваққатии Фузайлов дар мақоми сармураббии "Истиқлол" то анҷоми мавсим ёрдамчии ӯ Алишер Тӯхтаев интихоб шуд.

Бояд қайд намуд, ки он замон баъди анҷоми бозии дастаи "Истиқлол" ва тими "Олтин Асир", Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани тими "Истиқлол" ва муаллифи ягона гол дар ин қуввозмоӣ, ашк рехта буд.

Тими "Истиқлол"-ро дар ин сабқат танҳо пирӯзӣ метавонист қонеъ кунаду дар қувваозмоиҳо барои Ҷоми Конфедератсияи Осиё нигоҳ дорад.