ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Варақаи овоздиҳии раисиҷумҳури кунунии Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, пас аз овоздиҳӣ ба қуттӣ наафтида дар сӯрохии он дармонд. Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад.
Танҳо пас аз чанд вақт варақаи овоздиҳии президент ба қуттӣ афтида бо дигар варақаҳо ҳамроҳ шуд.
Қосим Ҷомарт Тоқаев дар ҳавзаи интихоботии воқеъ дар сохтмони театри "Остона Опера" овоз дод.
Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев пас аз яку ним соати оғози интихобот бо вақти Қазоқистон, ба ҳавзаи интихоботӣ ҳозир шуд.
Дар Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи якшанбе шашумин интихоботи президентӣ оғоз шуд. Нурсултон Назарбоев, ки наздики 30 сол президенти кишвар буд, рӯзи 20 март истеъфо дод.
Ба ҷои ӯ Қосим Ҷомарт Тоқаев, ки то он дам, раиси палатаи болоии парлумон буд, раиси ҳукумати Қазоқистон шуд. Пас аз се ҳафтаи раёсат Тоқаев дар бораи баргузории интихоботи ғайринавбатии президентӣ қарор баровард.
Имрӯз барои мақоми раисиҷумҳур, ҳафт номзад аз ҷумла Тоқаев аз номи ҳизби Nur Otan, ки раёсаташро Назарбоев бар дӯш дорад, рақобат мекунанд.
Президентро барои панҷ сол интихоб мекунанд.
Барои президенти Қазоқистон шудан, номзад бояд 50 дарсади овозҳоро аз худ кунад. Агар ягон номзад, 50%-и овозро нагирад, даври дуюми интихобот баргузор хоҳад шуд.