Мунтахаби наврасони Тоҷикистон озими Санкт-Петербург шуд

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон – “U-17” субҳи якшанбеи 2 июн озими шаҳри Санкт-Петербург гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби наврасони кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотири аввалин ноиби президенти FIFA Валентин Гранаткин иштирок мекунанд.

Ин мусобиқа аз 4 то 14 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир мегардад, ки дар он иштироки 12 дастаи мунтахаби варзишгарони соли таваллуди 2001 дар назар аст.

Омодагии наврасони тоҷик ба чепионати Осиё-2020: “Кайрат”-ро 3:0 шикаст доданд

Тими наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Полша, Қирғизистон ва Русия-2 бозӣ мекунад. Зери парчами дастаи дуюми Русия тими Санкт-Петербург – ғолиби соли гузаштаи мусобиқа - баромад мекунад.

Гурӯҳи “А” аз дастаҳои Булғория, Молдова, Русия, Ҳиндустон ва гурӯҳи “В” аз дастаҳои Туркия, Эрон, Аргентина ва Юнон таркиб ёфтаанд.

Тими наврасони Тоҷикистон аввалин бозиашро 5 июн муқобили дастаи Қирғизистон анҷом медиҳад. Шогирдони Зайниддин Раҳимов 7 июн дар даври дуюм бо дастаи Русия-2 ва 10 июн бо наврасони Полша вомехӯранд.

Дар асоси низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ва як дастаи беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо ба нимфинал роҳ меёбанд. Дастаҳои дигар барои ҷойҳои аз 5 то 12-ум мусобиқаро идома медиҳанд.