ДУШАНБЕ, 20 мая — Sputnik. Рамазон Қодиров роҳбари Ҷумҳурии Чеченистон аз президенти тозаинтихоби Украина Владимир Зеленский сахт ранҷидааст. Ин ҳам баъди Суханҳои Зеленский дар бораи баргардонидани Қрим ба ҳайати Украина. Дар ин бора худи Қодиров дар саҳифаи расмии Telegram-маш навиштааст.
“Ман дар бораи Шумо дигархел фикр мекардам. Меандешидам, ки шоумени машҳур, ботаҷриба ва муваффақ метавонад сиёсатмадори оқил ва бомаҳорат шавад, аммо шумо дар ҳол чашм ба сӯи чизи бегона кардед. Ҳамсояи хуб ин хел рафтор намекунад! Маҷбур шудам аз шумо хафа шавам”, - навиштааст роҳбари Чеченистон.
Ба ақидаи Қодиров Зеленский ва ворисони ояндаи ӯ бояд аз ёд набароранд, ки Қрим “буд, ҳаст ва асрҳои аср як қисмати Русия хоҳад монд”.
Роҳбари Чеченистон ҳамчунин ба Зеленский пешниҳод кардааст, ки таърихро омӯзад.
Дар ин ҳол Қадиров бар он аст, ки баромади Зеленский барои қасамёдкунияш “дар хориҷа таҳрир шудааст”. Вай илова кардааст, ки агар ба Русия заминҳои бегона лозим мебуданд, Украина кайҳо яке аз вилоятҳои марказӣ дар ғарби Русия мегашт.
“Аммо Русия ҳеҷ гоҳ ин корро намекунад! Мо ба комилии ҳудуди кишвари халқи бародари украиниамонро эҳтиром мегузорем”, - қайд кардааст Қодиров.
Ёдовар мешавем, ки маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Украина Валдимир Зеленский 20 майи соли равон дар шаҳри Киев дар бинои Рада парлумони ин кишвар сурат гирифта буд.
Владимир Зеленский баъд аз маросими савгандёдкунӣ эълон намуд, ки парлумони кишварро мураххас карда мешавад. Ҳамчунин пешниҳод кард, ки дахлнопазирии вакилони “Радаи болои” инкор карда шавад ва қонун дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ба даст овардани моликияти ғайриқонунӣ қабул карда шавад.