ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ, дар рафти суҳбат тамоюли мусбат касб намудани раванди густариши робитаҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла афзун гардидани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва тақвият ёфтани муколамаи сиёсӣ хоссатан қайд гардидааст.
"Дар баробари ин таваҷҷуҳи тарафайн ба фаъолгардонии робитаҳои минбаъда ҷиҳати истифодаи васеи иқтидорҳои ҳамкорӣ бар асоси анъанаҳои дӯстии пойдор ва шарокати стратегии ду кишвар таъкид гардид",-омадааст дар хабарнома.
Ёдоварӣ мекунем, ки Нурсултан Назарбоев, раисҷумҳури пешини Қазоқистон сафири навашро дар Тоҷикистон таъйин намуд.
Тоҷибоев Аскар Ерликович дар сохтори Вазорати умури хориҷии Қазоқистон кор мекард. Инчунин вай роҳбари департаменти кишварҳои ҳамсудро дар Вазорати хориҷа бар уҳда дошт.
Ёдрас мешавем, ки Нурлан Сайтимов, ки аз соли 2016 то ҳол сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон буд, ахиран бо амри раисиҷумҳур котиби масъули ВУХ Қазоқистон таъин гардид.
Тибқи иттилои сомонаи сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, Сейтимов хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Қазоқистон, факултаи муносибатҳои байналмилалии Академияи дипломатии ВУХ Русия, номзади илмҳои сиёсӣ мебошад. Ӯ бо фармони раисиҷумҳури Қазоқистон моҳи марти соли 2016 сафир дар Тоҷикистон таъин гардида буд.