ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар бозии марказии даври дуюм “Истаравшан” дар майдони худ бар тими “Хуҷанд” пирӯз шуд. “Дербии Суғд” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан, дар шоҳидии 15000 мухлис бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Қаҳрамони бозӣ ҳамлагари тими Истаравшан Бахтовар Зокиров буд, ки ду гол зад, гардид. Голи дастаи меҳмонро Манучеҳр Аҳмадов ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигари мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон – “Истиқлол” дастаи “Хатлон”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев заданд. Як голи дигарро тими Бохтар худашон тавассути ҳимоятгар Алишер Баротов вориди дарвозаашон намуданд. Голи “Хатлон”-ро Худойдод Узоқов ба номаш сабт кард.
“Истиқлол”, ки дар ду давр 6 хол ба даст овард, дар садри ҷадвали чемпионат қарор гирифт. Ду бозии дигари даври дуюми чемпионати футболи мамлакат 13-14 апрел доир мегардад. Рӯзи 13 апрел КМВА “Помир” дар майдони худ “Панҷшер”-ро қабул мекунад, 14 апрел дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена” “Регар-ТадАЗ” бо “Куктош” нерӯ месанҷанд. Оғози бозиҳо – соати 16:00 дар назар аст.