Даргузашти қаҳрамони дукаратаи Қазоқистон оид ба ҷудо дар синни 24-солагӣ

Қаҳрамони дукаратаи Қазоқистон оид ба ҷудо Аэлита Шербакова дар синни 24-солагӣ даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Чуноне Sputnik Қазоқистон бо такя ба Кумитаи олимпии ин кишвар менависад, Аэлита аз камхунии асаб танқисӣ мекашидааст.

Ӯ рӯзи 11 апрел дар паи беморӣ аз олам чашм пӯшидааст.

"Кумитаи олимпии Қазоқистон аз номи кулли ҷамъияти варзишии кишвар ҳамдардии худро бо аҳли хонавода ва ёру дӯстони варзишкори соҳибистеъдод баён мекунад. Ин талафоти ҷуброннашаванда барои варзиши мо аст. Мо бо шумо ҳамдард ҳастем",-омадааст дар баёнияи Кумита.

Ҳамдардии фарҳангиёни тоҷик бо хонаводаи Мушаррафа Қосимова

Ба иттилои намояндаи ҷудои Қазоқистон, Шербакова аз бемории камхунии асаб, ки рӯзи 3 апрел ошкор шудааст, танқисӣ мекашид.

Даргузашти "арӯс"-и Ҷеймс Бонд

Аэлита Шербакова 5 феврали соли 1995 дар вилояти Алмаато ба дунё омадааст. Ӯ қаҳрамони дукаратаи Қазоқистон оид ба ҷудо буд. 

Шербакова дорандаи медали биринҷии сабқати ҷаҳонии Гран Прии соли 2017 дар Тошканд ва медали нуқраи Ҷоми Осиё-2018 мебошад.