Хайрулло Раҳимов, роҳбари пешини ширкати “Тоҷик Эйр” боздошт шуд

Нисбати собиқ раиси ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов парвандаи ҷиноё боз шудааст ва дар "сӯиистифода аз мақом" ва "тасарруфи молу мулки ғайр" муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон эълон намудааст, ки собиқ раиси ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов аз ҷониби мақомоти прокуратура боздошт шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Раҳмон роҳбарони “Амонатбонк” ва “Тоҷик Эйр”-ро аз толори ҷаласа пеш кард

Бино ба иттилои манбаъ, Хайрулло Раҳимов "сӯиистифода аз мақом" ва "тасарруфи молу мулки ғайр"-и ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” ва изофанависиҳо айбдор мешавад.

Манбаъ қайд намудааст. ки айни замон Хайрулло Раҳимов дар боздоштгоҳи шаҳри Душанбе нигаҳ дошта мешавад ва парвандаи ӯро муфаттишони раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Додситонии кул таҳқиқ мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки Ширкати “Тоҷик Эйр” ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон мебошад, ки солҳои тӯлонӣ, ба мушкилоти молӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Хайрулло Раҳимовро баъди се соли кор дар ширкати “Тоҷик Эйр” моҳи январи соли равон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд. Раиси ширкати “Тоҷик Эйр” баъд аз он аз вазифа барканор шуд, ки раисҷумҳур кори ширкатро дар як ҷаласа сахт танқид кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷаласа ба мақомоти тафтишотӣ дастур дода буд, ки фаъолияти молии "Тоҷик Эйр"-ро тафтиш кунанд.