ВКД: ба сари ҳамсараш аввал бо офтобаи оҳанин зада баъдан гарданашро буридааст

Марди 35 солае дар ҳавлии истиқоматиаш ҳамсарашро бераҳмона ба қатл расонидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони куштор дастгир карда шудааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Маҷнунҳои рашкин: дар Тоҷикистон ду куштор ба сабаби рашк рух дод

Номбурда, 19-уми марти соли 2019, тахминан соати 00:10-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсари 34-солаааш, ки сокини ҳамон ҷо мебошад, ҷангу ҷанҷол намуда, аввал бо офтобаи оҳанин ба сараш зада, баъдан бо корд гарданашро буридааст.

Дар натиҷа, зани ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.