ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сафири кишвараш дар Узбакистон, Ерик Утембаевро аз вазифа озод кард.
Сафир ба дуздии буҷаи давлатӣ гунаҳкор мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон.
"Бо қарори президенти Ҷумҳурии Қазоқистон: Утембаев Ерик Милтиқбаевич аз вазифаи сафири Қазоқистон дар Узбакистон озод карда шавад",-омадааст дар қарори раисҷумҳури Қазоқистон.
Хадамоти матбуотии мубориза бо фасоди Қазоқистон миёнаҳои моҳи октябри соли 2018 хабар дод, ки сафири Қазоқистон дар Узбакистон дар дуздии беш аз 140 миллион танга (наздики 387 ҳазор доллар) пули давлат мутаҳҳам мешавад.
Гуфта мешавад, ки сафир, ҳуҷҷатҳои бардурӯғи сохтмони сафоратхонаи Қазоқистонро дар Узбакистон, имзо кардааст.
Ҳамчунин бо қарори дигари Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон Тажибаев Аскар Ерликович сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин гардид.