Ду садамаи нақлиётӣ, ду ҳалокат ва ду маҷруҳ

Дар натиҷаи ду ҳодисаи нохӯши нақлиётӣ, ду нгафар ба ҳалокат расида, дуи дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шудаанд
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Бар асари ҳодисаҳои нохуши ноқлиётӣ ду нафар ҷон бохта дуи дигар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона қарор доранд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Пахш ва ба ҳалокат расидани куҳансол аз дасти ронандаи ҷавон

Дирӯз тахминан соатҳои 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳмонов Абдуллобек Шамсуллоевич, соли таваллудаш 1988, сокини кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Машъал ба самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи бинои чойхонаи “Амира”, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш зан, тахминан 30-35 соларо зада аз пой меафтонад.

Ҳангоми рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, мутаассифона ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар роҳ ба ҳалокат мерасад.

Ҳамчунин, 12 март, тахминан соатҳои 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Азимов Азим Наимович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе,

Дар се садамаи нақлиётӣ 4 ронанда ба ҳалокат расидааст
дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Атеко” таҳти идораи Охунов Абдумаҷид Каримович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки аз самти ш.Душанбе ба самти вилояти Суғд ҳаракат мекард, бармехӯрад.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи “Опел-Астра”, Тошова Мавҷуда Нарзуллоевна, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Деваштич ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Иброҳимов Рустам Солеҳович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Истаравшан, Бобоев Умедҷон Нарзуллоевич, соли таваллудаш 2004, сокини н.Деваштич, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона қарор доранд.

Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.