ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ФФТ дар назар аст, ки мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон, 10 октябр, тақрибан соати 12:30 дар Душанбе фуруд оянд.
Манбаъ афзуд, ки истиқболи футболбозон дар назди бинои нави фурудгоҳ бо ҳузури президенти Федератсияи футболи мамлакат, Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, нишасти матбуотӣ бо иштироки сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ва капитани даста Эмомалӣ Аҳмадхон ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин дастаи мунтахаби наврасон дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ гулчанбар гузошта, ба Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе раҳсипор хоҳад шуд.
“Дар варзишгоҳ консерти идона бо иштироки сарояндагони машҳури кишвар ва беш аз 15 000 тамошобин бо ҳузури футболбозони наврас сурат мегирад”, - иттилоъ дод ФФТ.