ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон мулоқот кард.
Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири Арманистонро, ки бори аввал ба Тоҷикистон омадааст, хайрамақдам гуфтанд.
Манбаъ хабар додааст, ки зимни тарафҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, мошинсозӣ, саноати куҳию нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, воридоти технологияи муосир дар саноати сабук, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди сангҳои қимматбаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, технологияҳои телекоммуникатсионӣ, пешниҳоди хизматрасонии молиявию бонкӣ, идораи бахши энергетикаро, баррасӣ намуданд.
Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки зимни мулоқот ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои робитаҳои гуманитарӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шуд.
дар поёни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ба Никол Пашинян пешниҳод намуд, ки дар вақти барояш мусоид ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биоранд.